Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Ҳар кӣ бо теғи забон теғи ситам тез кунад…

Посух ба ҳарзагӯиҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси ТТЭ ҲНИ

Дар ҳоле ки ҷанги хонумонсӯз чанде аз кишварҳоро фаро гирифтааст, мӯҷиби бадбахтии мардуми тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта — ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад, ки ҷанги навро ба сари миллат дигарбора бор кунад.

Мақоли «Битарс аз касе, ки наметарсад аз Худо»-ро пурра ба М. Кабирӣ метавон нисбат дод, зеро чун пайрави Шайтон барояш дину оин, мазҳаб, миллату Ватан, ҳаёти инсонҳои бегуноҳ арзиш надорад. Ба хотири расидан ба мақсадҳои ифлос аз разолат рӯ намегардонад, чунки дигар роҳ, илоҷ надорад. Сарпечӣ аз фармони хоҷаҳо барояш маънои маргро дорад. Ин дунёву он дунёяшро кайҳо ба савдо задаанд.

Дар ҳама давру замон мунофиқоне чун Кабирӣ аз номҳои муборак Худованд, дину имон, миллату Ватан ба манфиат сӯиистифода мекарданд. Густохию шаккокӣ магар аз ин беш мешавад, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар арафаи интихобот ҳизби ҷинояткор ва зомини хуни ҳазорон бегуноҳро «Ҳизби Худо» эълон намудаву ба он овоз доданро тақозо намуданд? Магар ин беҳурматӣ нисбат ба Худо ва зиёдаравӣ аз тарафи онҳо нест? Аҷаб нест, ки рӯзе М. Кабирӣ ман раиси “Ҳизби Худо” гуфта, даъвои пайғамбарӣ ҳам кунад ва худро миёнрави Худову бандагон муаррифӣ кардани ӯ ҳам ҳамин маъноро дорад. Агар не, дар сайёра аз миёни миллиард инсон дигар одам ёфт нашуд, ки М. Кабириро интихоб мекунанд ё ҳизби ӯро қабул? Аз ин баъд Кабирӣ сафсатаро ба онҳое гӯяд, ки ӯро намешиносанд.

Умри дурӯғро кӯтоҳ гуфтаанд. Чизе аз чашми заррабину ҷавҳаршиноси халқ пинҳон намемонад Бояд гуфт, ки мурод аз ин ҳама талвоса на хӯрдани ғами миллату меҳан,  дину мазҳаб, балки ба хотири қудрат асту бас...

Муфассал

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Бойгонӣ

Scroll to top