Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Таҳдид ба Тоҷикистон.. Эрон ҷанговарони Ҳизби Наҳзатро аз Сурия ба Афғонистон интиқол медиҳад

Кишвари Эрон дар ташкили ҷангҳои шаҳрвандӣ, бахусус дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997, ки онро бо дасти наҳзатиҳои террорист амалӣ сохт, таҷрибаи кофӣ дорад. Бо истифода аз ин таҷриба, имрӯзҳо эмисарони Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ва масъулини хадамоти махсуси ин кишвар аъзоёни фирории ТТЭ “ҲНИ”-ро аз ҷиҳати идеологӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва аз лиҳози омодабошии ҳарбӣ ва ҷангӣ дар лагерҳои низомии марбут ба ин кишвар дар Эрон, Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман ва Афғонистон таълим дода истодаанд. Чанде пештар ҷанговарони ТТЭ ҲНИ, ки дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба қаламрави Афғонистон интиқол дода шуданд. Ин воқеа ба мақсади таҳдид ва ноором намудани амнияти Тоҷикистон ва Осиёи Миёна амалӣ гардида, хатари мустақими он ба Россия низ хоҳад расид. Эронро бо ТТЭ ҲНИ - бахши ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон- робитаҳои таърихӣ мепайвандад. Эрон аз ҷониби худ ҷанговарони ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои навадуми асри гузашта суйистифода ва дастгирӣ менамуд. ТТЭ ҲНИ, ки “шохаи гурӯҳи Ихвонулмуслимин” ба шумор меравад, аз ҷониби Саид Абдулло Нурӣ таъсис дода шуда, таърихан исбот намуд, ки фаъолияти зери чатри “исломи сиёсӣ” ғайр аз харобкорӣ ва нооромӣ дар ҷомеа, чизе дигаре намеорад. Дар натиҷа моҳи сентябри соли 2015 ошӯби мусаллаҳонаи пайрави ТТЭ ҲНИ генерал Абдуҳалим Назарзода (бо лақаби Ҳоҷӣ Ҳалим) чеҳраи ҳақиқии ин ташкилоти террористиро ба ҷомеаи байналмилалӣ ошкор намуд. Ҳамин тавр, фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви СҲШ ва ОДКБ манъ гардида, ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шудааст. Бо интиҳои ҷангҳои Сурия ва дархостҳои Россия ва ИМА ҷиҳати хориҷсозии ҷанговарони эронӣ аз қаламравӣ Сурия, Эрон садҳо ҷанговарони ТТЭ ҲНИ-ро ба сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон интиқол дода, вуҷуди онҳоро ба ҳайси таҳдид ба Ҳукумати Тоҷикистон қарор дод...

Муфассал

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Бойгонӣ

Scroll to top