Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Наҳзатиҳои лаънатӣ – хизматгори хоҷагони хориҷӣ

Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи намояндагони гурӯҳи наҳзатиҳоро, ки ҳамчун хоинони давлату миллат дар зери қаноти хориҷиҳо паноҳ мебаранд, шинохтанд.

Ин хоинони миллат барои ин Ватан заррае хизмат накардаанд, онҳо танҳо мардумро зидди ҳамдигар шуронида, оташи ҷангро баланд намудаанд, ки ин амали разилонаи онҳоро вақт ҳамчун ҳаками бузург собит кардаст.

Ин хоинон ба чашми миллати тоҷик хок пошиданд. Наҳзатиҳои хоин худро шахси диндору мусулмон нишон дода, пинҳонӣ ба миллати тоҷик хиёнат карданд. Акнун пардаи руйи Кабирӣ дарид ва симои аслии ин хоини террористро миллати точик шинохт.

Ҳанӯз ҳам ин бадбахтон даст ба бадномсозии дини мубини ислом зада, ҳазорон нафар ҳамватанонро гумроҳ карда боиси хонавайронӣ, муҳтоҷӣ, гуруснагии мардум ва харобии Ватан гардидаанд. Масалан, дар солҳои навадум наҳзатиҳои лаънатӣ аз фурсати муносиб истифода намуда, хостори ба даст овардани ҳокимият бо роҳи зурӣ гардида, мехостанд Тоҷикистонро ба кишвари исломӣ табдил диҳанд. Худованд мадад намуду нақшаҳои Нурии даҷол амалӣ нагардид, вагарна имрӯз ҳоли Тоҷикистон ва 8 милион аҳолияш аслан шабоҳати давлатҳои ҷангзади исломиро мемонд. Онҳо дар он замон ягона роҳе, ки бовариву эътимоди мардумро ба даст овардан метавонистанд ин ҳам бошад бо пеш овардани сураву оятҳо аз дини мубини ислом ва бо ин васила гӯё «малҳам гардидан ба дарди мазлумон» кор гирифтанд. Аз як сӯ мардумро ба гуруҳҳо тақсим карда, онҳоро байни ҳамдигар ба низоъ даъват мекарданд, аз сӯи дигар худро ба онҳо ҳалиму меҳрубон нишон дода, дар қалбашон оташ меафрӯхтанд.

Бо ҳамин мақсад наҳзатиҳо аз минбарҳои баланд дар ҷойҳои пуриздиҳом баромада, мардумро гумроҳ карда ба гирдиҳамоиҳои оммавӣ ва мубориза бар зидди ҳукумати амалкунандаи онвақтаина даъват менамуд. Аз нерӯи бузурги ҷавонони гумроҳ, ки дар он солҳо хату саводи динии кофӣ надоштанд, истифода бурда, бо ҳар роҳу восита ва ҳилаву найранг онҳоро ба қатлу куштор ва ғоратгариву харобисозиҳо даъват мекард. Билохира наҳзатиҳо мардуми тоҷикро ба фирқаҳо ҷудо намуда, онҳоро байни ҳам ба низоъ андохт ва маҳз бо афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби мардум барои вайронии хонаи хеш аз кишвар ба назди хоҷагони худ фирор намуда муфти хубе низ дарёт кард...

Муфассал

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Бойгонӣ

Scroll to top