Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Ҷамбасти натиҷагирии тараққиёти хоҷагии халқи ноҳия

Рӯзи 22 январи соли 2018 дар маҷлиси васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш натиҷаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти баргузории маҷлис аз ҷониби раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои ноҳиявӣ ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бори дигар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуда, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти хизматӣ, қобилияти ташкилотчигӣ зимни амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати боз ҳам баландтар бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуд.

Қабл аз ҳама ҷиҳати ҷонибдорӣ намудан аз ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар хусуси эълон гардидани «Соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба шуъбаву бахшҳои дахлдори ноҳия супориш дода шуд, ки бо мақсади дар ниҳоди насли наврасу ҷавон ҷой намудани эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ва ҳамзамон тарбияи ватандустии онҳо ҳарчӣ бештар ба таъсиси коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулотҳои миллӣ диққати зарурӣ дода, дар баробари ин инъикоси васеъи ҳунарҳои мардумиро дар ноҳия ба роҳ монанд.

Бо мақсади самаранок истифода намудани неруи барқ дар фасли зимистон ва роҳ надодан ба талафотҳои беҳудаи барқ ба роҳбарияти шабакаҳои барқи ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Инчунин диққати масъули соҳа барои саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳаққи истифода неруи барқ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ равона карда шуд.

Бо назардошти камбориш омадани фаслҳои тирамоҳу зимистони имсола, ки ба номусоид гардидани боду ҳаво оварда расонид, ба раёсати кишоварзии ноҳия ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастур дода шуд, ки тамоми заминҳои киштшаванда ва боѓу токзорҳои ноҳия ба яхобмонӣ фаро гирифта шаванд.

Инчунин ба чорводорони ноҳия низ ҷиҳати аз фасли зимистон беталаф баровардани чорвои калону майда дастурҳои зарурӣ дода шуд.

Дастуру супоришҳои дар маҷлиси ҷамъбасти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2018 баённамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш мавриди амал қароор дода шуда, ҷиҳати расидан ба натиҷаи назарраси иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2018 аз тамоми имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода карда мешавад.   

 

 

 

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top