Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Вохӯриҳои гурӯҳи корӣ бо сокинон

Оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 дар ноҳияи Вахш.

Бо мақсади ба шаҳрвандони ноҳияи Вахш фаҳмонида додани моҳият ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 дар ноҳияи Вахш тадбирҳои зарурӣ ба нақша гирифта шуда, роҳандозӣ гардид.

Қабл аз ҳама дар шумораҳои 31-32–и рузномаи ноҳиявии «Вахш» аз 25 декабри соли 2017 ва дар шумораи 1-2 -и январии рузномаи “Нури маърифат” матни Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руи чоп оварда шуда, дастраси муштариён гардонида шуд.

Дар асоси амри раиси ноҳияи Вахш аз 28 декабри соли 2017, №40 гурӯҳҳои таблиѓотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби намояндагони масъули ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, собиқадорони меҳнат ва хизмати давлатӣ, ҳамзамон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия таъсис дода шуд, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида бо аҳли ҷамоатчигӣ ва сокинони ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохуриҳо доир намуда, протоколи баргузории вохуриҳо сабт гардида, дар ҷузгирҳои корӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Илова бар ин, дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2017, №16/10-291 гурӯҳи таблиѓотӣ аз ҳисоби олимон, коршиносони соҳаи иқтисодиёт ва ҳуқуқ ва супориши раиси вилояти Хатлон аз 4 январи соли 2018, №31 оид ба мактуби муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018, №2 гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Вахш ташриф оварда, ҷиҳати шарҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия, бахусус кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонону занон ва дигар табақаҳои ҷомеа аз 8 то 17 январи соли 2018 вохӯриҳо доир намудаанд.

   Дар мавриди баргузории ин чорабиниҳо қабл аз ҳама диққати иштирокдорон дар бобати сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар атрофи ташаббусҳои навбатии Пешвои миллат дар мавриди эълон гардидани “Соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 22 марти соли 2018 расман оѓоз гардидани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” ҷалб гардида истодааст.

Ҷиҳати инъикоси нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат вобаста ба рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа дар маҳалҳо дар пештоқи биноҳои ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шиору овезаҳо насб гардида истодааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бо  истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати дар амал татбиқ  намудани ҳадафҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 баёнгардида тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ  намуда истодааст.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top