Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ДЕҲКОНОН АЗ ОСОИШГОҲИ «ЗУМРАТ» БАРГАШТАНД

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб» Қурбоналӣ Юсупов дар ин ҷо ҳамасола барои деҳқонони хоҷагӣ дар самтҳои гуногуни зиндагӣ ғамхории беназир зоҳир карда мешавад.

Бояд гуфт, ки соли 2018 деҳқонони хоҷагӣ дар ҳамаи самтҳои хоҷагидорӣ меҳнати шоён намуда, дастовардҳояшонро чӣ дар пахтакорӣ ва чи дар чорводори кишти дигар зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили дилхоҳ афзун намуда, шоёни таҳсин мебошад.

Меҳнати бо суботи меҳнаткашонро роҳбарияти хоҷагӣ ба назар гирифта дар моҳҳои ноябру декабри соли гузашта, яъне пас аз ҷамъоварии ҳосили зироатҳо пайи ҳам ду маротиба зиёда аз 54 нафар заҳматкашони хоҷагиро барои истироҳат ва табобату барқарор намудани саломатиашон аз ҳисоби хоҷагӣ ба Осоишгоҳи табобатии «Зумрат» воқеъ дар шахри Исфараи вилояти Суғд фиристонд.

Дар арафаи соли нави мелодӣ бошад хоҷагӣ барои беш аз 6874 нафар фарзандони меҳнаткашон-деҳқонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд, ки ин барои аҳли заҳмати хоҷагӣ як руҳбаландии зиёдеро фароҳам овард.

Ҳамчунин роҳбарияти хоҷагӣ меҳтарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат, мактабҳо ва беморхонаҳои ҳудуди хоҷагиро бо ҳезум дар давраи зимистон пурра таъмин намуд.

Албатта барои аҳли заҳмат ғамхорӣ намудан як рукни ғамхорӣ дар самти болоравии шароити зисту зиндагии мардум ва беҳ гаштани саломативу пайдо шудани имкониятҳо дар рушду нумуи корҳои хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад. Роҳбарияти хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб» ин ва дигар ҷиҳатҳои ғамхориро дар ҳаққи деҳқонони хоҷаги пайваста андешида истода, мақсад доранд дар оянда низ ин иқдоми инсондӯстонаи хешро давом дода, барои солимии аҳли заҳмати хоҷагӣ шароитҳои мусоиди ҳаётро муҳаё созад.

Ва тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд 22 декабри соли 2017 иброз доштанд, барои зиндагии хубу осоишта тамоми тадбирҳо андешида мешавад, ки мардуми кишварамон ба онҳо ҳақ доранд.

 Дар хоҷагии «Кӯлоб» баҳри амалӣ гаштани ҳар як нуқтаи Паёми Сарвари давлат чораҳои судманд меандешанд, ки ҳамаи ин барои ободии Ватан, зиндагии хубу гуворо ва меҳнати босуботу оромии кишвари маҳбубамон равона карда шудаанд.

 Раиси кумитаи иттифоқи

Касабаи хоҷагии «Кӯлоб»:

Эргашалӣ  ГУМАЕВ.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top