Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ПАЁМ – ИФОДАГАРИ  РОҲИ ЗИНДАГӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 ироа гардид, барои мо роҳнамост.

Дар Паёми Сарвари давлат қайд карда шуд, ки солҳои охир истеҳсоли сабзавот афзоиш ёфта истодааст, вале содироти он 23 фоиз кам шудааст.

«Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агенти беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд бо ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба роҳмондани усулҳои интенсивии истеҳсолоти кишоварзӣ, пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминхои оби махсусан бардоштани маданияти истифодаи замин чораҷўй намоянд».

Ин моро водор менамояд, ки нисбати солҳои қаблӣ дар соли 2018 бештар кору фаъолият намоем. Мо Паёми қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омўзиш қарор дода ба натиҷаҳои назаррас ноил шудем. Соли сипаришуда тавонистем 91261 тонна зироатҳои кишоварзӣ истеҳсол намоем. Аз ҷумла сабзавот 19271 тонна, картошка 2850 тонна, полезӣ 30000 тонна, ғалладонагиҳо 15300 тонна, офтобпараст 300 тонна, пахта 21000 тонна, мевагӣ 880 тонна ва 1660 тонна ангур истеҳсол кардаем.

Нақшаи дурнамои соҳаи чорводорӣ низ бо натиҷаҳои назаррас анҷомид. Истеҳсоли шир 1116 тонна иҷро шуд, ки ин нисбати нақшаи дурнамо афзудааст. Ширҷўшии аз 1 сар говиҷўшо низ афзуд.

2807 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ содирот карда шуд, ки ин нисбат ба нақша зиёдаст. Раёсати кишоварзӣ барои таъмини иҷрои саривақти супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи чораҳои судмандро андешида, соли сипаришударо ба натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудем.

Паёми навбатии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамояд, ки нисбати солҳои қаблӣ хубтар кор карда, ба муваффақиятҳои соҳа ноил шавем. Барои ин ҳамаи шароитҳои лозимаро дорем. Кўшиш дорем, ки барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, аз тухмиҳои хушсифат самаранок истифода намоем. Ногуфта намонад, ки тухмии навъи «Флора», «Хатлон-2015», «Тобон», «93-26-В», «Ирам» ва «Флеш» дар кишти пунбадонаи соли 2017 пурра истифода шуд. Натиҷаи дилхоҳ ҳам дод. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бештар кўмакрасони мо буд. Соли ҷорӣ мақсад дорем, ки дар натиҷаи пай пай чорабиниҳои судманд бо хоҷагидорони ҷамоатҳои деҳоти пахтакор гузаронидани ва истифодаи тухмиҳои хушсифат дурнамои истеҳсоли пахтаро таъмин намоем.

Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин, аз як замин гирифтани ду ва зиёда ҳосил дар ноҳия ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Кишти тирамоҳӣ 2790 гектар замин барои ғалладонагиҳо, 624 гектар сабзавот, картошка 300 гектар, беда 230 гектар гузаронида шуда 13100 гектар замин шудгор карда шудааст. Мо мақсад гузоштем, ки масоҳати замини кишти пахтаро нисбати 9500 гектари соли сипаришуда афзун намоем.

Ба рушди соҳаи зотпарварии чорво низ аҳамият дода кушиш дорем, ки нуқтаи шумораи бордоркунии сунъи чорворо дар ҷамоатҳо аз 9 адади мавҷуда афзунтар намоем.

Раёсати кишоварзии ноҳия мақсад гузоштааст, ки «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»,

«Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар ноҳия барои соли 2016-2020», «Барномаи рушди соҳаи боғутокпарварӣ дар ноҳия барои солҳои 2016-2020», «Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019», «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»,

«Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020».

Мо кўшиш менамоем, ки соли ҷорӣ кори худро дар асоси барномаҳои пешниҳодшуда амалӣ намоем. Барои ин ҳамаи шароитҳоро дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон мо кишоварзонро гушрас намуданд, ки корро дар ин самт ҷоннок карда, барои иҷрои дурнамои пешбини шудаи кишти зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои судманд андешем. Ҷиҳати ҳар чӣ бештар афзоиш додани истеҳсоли пахта, маҳсулоти содиротиву воридот ивазкунанда, таъмини амнияти иқтисодии кишвар чораҳои зарурӣ андешем.

Барои устувор нигоҳ доштани вазъи макро иқтисодӣ, пешгирӣ намудани болоравии сунъии нарх таъмини рақобати солим, инчунин таъмини бештари талаботи ноҳия ва ҷумҳурӣ бо маҳсулоти худӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамоем.

Ба нақша гирифтем, ки соли ҷорӣ дар баробари афзоиш додани майдонҳои кишти пахта, дар самти зиёд намудани майдони токзор низ чораҳои судманд меандешем.

Кушиш менамоем, ки истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ва ба содирот нигаронидашударо истеҳсол намоем.

Сардори Раёсати кишоварзии мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:  А. Пайков.

Рўзноманигор:  И. Турсунмуродов.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top