Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Сада-таҷассумгари суннатҳои неки инсонист

ТАНТАНАИ  ҶАШНИ  САДА

Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои ориётаборон маҳсуб ёфта, ҳазорсолаҳо тамаддуни миллати моро инъикос намуда буд. Бо дигаргун гардидани вазъи таърихӣ-сиёсӣ дар асрҳои миёна ба ғайр ҷашни Наврӯз дигар тамоми ҷашнҳои миллии ниёгони мо тоҷикон аз байн рафтанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оини миллии ниёгон эҳё гардида, ҳатто мақоми байналмилалиро ба худ гирифтааст.

Чи тавре, ки мо шоҳиди он гардида истодаем, дар бораи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, дигар ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргону Сада эҳё шуда, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҷлил гардида истодаанд.

Ҷиҳати эҳё ва зинда гардонидани оини ниёгон 28-уми январи соли 2018 дар майдони марказии ноҳия таҷлили ҷашни Сада дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир гардид. Дар таҷлили ҷашни Сада мардуми ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳо иштирок доштанд. Дар тантанаи ҷашни Сада ҳамчунин ҳунармандону косибон ва кишоварзони ноҳия маҳсули меҳнати дастиашон, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта буданд, ки барои бинандагон ҷолиби диққат буд.

Дар тантанаи ҷашни Сада муовини аввали раиси ноҳияи Вахш С. Абдуллозода ба сухан баромада, тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният намуд. Зимни баромадашон С. Абдулозода қайд карданд, ки Сада аз ҷумлаи оини ниёгони мо тоҷикон маҳсуб ёфта, 50 шабу рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз баргузор мегардад. С. Абдуллозода дар баромадашон ҷашни Садаро аз ҷумла оини меҳрпарастӣ қайд намуда, бунёди онро ҳамчун ифодакунандаи рушноӣ ва гармӣ ва аз ҳама муҳим ифодакунандаи оини куҳани миллат ба қалам доданд.

Бинобар иттилои манбаҳои таърихӣ аз ҷумла Шоҳнома, Сада ҷашни бузургдошти оташ мебошад, ки баромадаш ба шоҳ Ҳушанг рафта мерасад. Тазаккур бояд дод, ки Садаро мардуми тоҷик аз кадимулайём бо шукуҳу тантана ҷашн гирифта, ба муносибати ин рӯз гулхан афрухта дар атрофи он мерақсиданд. Новобаста аз ин агар мо ба шароити кори кишоварзӣ диққат диҳем мебинем, ки то ҷашни Наврӯз кишоварзон маъракаи кишти ғалла, шинонидани дарахтон ва дигар корҳои марбут ба соҳаи кишоварзиро анҷом медиҳанд, ки ин аз анъанаҳои деринаи мо тоҷикон дарак медиҳанд.

Табиати имсола ниҳоят гарм омада дар моҳҳои охир ба шароити кори кишоварзон монеа эҷод намуд, вале мо шоҳиди он гардидем, ки аз 29 – уми январи соли равон дар арафаи ҷашни Сада ҳаво сард гардида, боридани барф оғоз шуд, ки мақсуди кишоварзонро амалӣ гардонид. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Аз Сада бедор мегардад баҳор», ё ки «Сада нишонаи ободкорӣ, меҳру муҳаббат ва рафоқат аст».

Имрӯз бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҷашнҳои миллӣ аз ҷумла ҷашни Сада ба шароити имрӯзаи соҳибистиқлолии кишвар мутобиқгардонида шуда, ҷашн гирифта шавад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангиву фароғатӣ доир гардидани ҷашни Сада, Бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ табъи ҳозиронро шод намуданд.

Баҳром ОДИНАЕВ,

Бекмурод МИРЗОЕВ

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top