Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Изҳороти ҷамъияти “Нур” кори дасти террористон аст

Яке аз ҷинояткорони наҳзатӣ - Муҳаммадиқболи Садриддин, ки тибқи хулосаи коршиносони равоншинос ба ҳолати махсуси ташвишовари шаҳвонӣ гирифтор аст, вақтҳои охир ба масъалаи сатру ҳиҷоби занҳо сахт часпидааст. Бештари навиштаҳояш дар расонаҳои хабарӣ дар ҳамиин мавзуъ мебошанд.

Баҳси ҳамешагии М. Садриддин сатру ҳиҷоб аст. Тамоми матолибе, ки интишор медиҳад, ба ин ва ё он ваҷҳ ба ин масъала бастагӣ дорад. М. Садриддин як марди мутаассиби мазҳабист, ки берун аз мазҳаб дунё ва инсонро тасаввур намекунад. Ҳатто тасаввур кардан намехоҳад, ки дар дунё ба ѓайр аз сатру ҳиҷобу  риёкории динӣ ҳазорон мушкилу масъалаҳо вуҷуд доранд, ки заруртару муҳимтаранд.  Бо ҳиҷобу сатр кардан, ҳамарўза намоз хондану рўза доштан, тасбеҳ ба дасту аммома ба сар гирифтан, масҷидро хона кардан чӣ масъала ҳал мешавад.

Яќин аст, ки бар асари ҷаҳолатписандӣ ва вопасгаройии М. Садриддинҳо барин воъизини исломӣ насли ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ дар даҳ-понздаҳ соли охир ниҳоят  мазҳабзада ва мутаассиб шудаанд. М.Садриддин пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳоеро нашр мекунад, ки зиддимиллианд, аммо ба манфиати доираҳои мазҳабии хориҷӣ ва ташкилоти террористии наҳзатӣ.    

 Ба ҳамаи ин қаноат накарда, изҳороти ташкилоти “Нур”-ро дар бораи сатру ҳиҷоб дар сомонаи ифротиаш ташр кардааст, ки мақсад аз он боз ҳам сиёҳ кардану туҳмат намудани Ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон аст.

Маълум аст, ки ҷамъияти “Нур” ҳам вобастаи ҳамин гурӯҳи террористони наҳзатист ва шояд ягон аъзои дурусте ҳам надошта бошад. Ин ифротиёни фирории наҳзатианд, ки аз номи чунин як ҷамъияте изҳорот пахш мекунанд. Агар ин ҷамъият воқеан фарҳангӣ ва мардумӣ мебуд, ҳаргиз чунин як изҳороти бемантиқу пучеро нашр намекард. Тоҷикони муқими Аврупо садҳо мушкилоту масъалаҳо доранд, аммо ин худбохтагон ба ҳамин масъалаи ҷузъӣ, яъне либоси занҳо часпида, бо ин роҳ мехоҳанд Ҳукуматро сиёҳ кунанд.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон огоҳанд, дӯсту душманро фарқ карда метавонанд, барои ободии ватан меҳнати ҳалол мекунанд. Масъалаи сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон ягон муҳимияте надорад. Дар ватани мо имрӯз масъалаҳои муҳим сохтмони НБО Роғун, иншоотҳои энергетикӣ, саноатӣ ва дигар самтҳои иқтисод муҳиманд. Тамоми соҳаҳои ҳаёт пеш мераванд. Фарҳангу санъат тараққӣ мекунад. Эътибори кишварамон дар арсаи байналхалқӣ меафзояд.

 Дигар мардум ба макру ҳиллаи фирориёни наҳзатӣ дода намешаванд. Инҳо мехоҳанд бо  баҳонаи сатру ҳиҷоб ва дигар масъалаҳои дуюмдараҷа Ҳукуматро туҳматкунанду мақсадҳои шуми худро амалӣ созанд. Аммо ба ҳадаф намерасанд, чунки роҳи хато ва зиддимардумиро пеш гирифтаанд. Агар садҳо ҷамъияти дигар ташкил кунанду ҳазорон сомонаи ифротиро ба кор андозанд ҳам, мардуми Тоҷикистон дигар аз паси ин палидон нахоҳад рафт. Мардуми кишварамон Пешвои худро дорад, барои ояндаи неки кишвар, барои зиндагии беҳтар заҳмат мекашад. Фаъолияти террористони наҳзатиро дар кадом шаклу бо кадом чеҳрае ки набошанд маҳкум менамояд.

Диловари Хуршед

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top