Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ВАҲДАТ- МАРОМИ МОСТ

 

“Паймони милли Тоҷикистон”, ки аз тарафи мухолифин таъсис дода шудааст, бо роҳбарии Муҳидин Кабирӣ собиқ раиси ТТЭ ҲНИ, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардида буд, боз бо даъвоҳои  “Демократия”, “ Озодӣ”, “Интихоби озод” ва ғайра мехоҳад таваҷҷуҳи кишварҳои  Ғарбро ба худ ҷалб намояд. Тоҷикистон имрӯз бо дастовардҳои нав ба нав рушд ёфта, дар саросари ҷаҳон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, раиси муазами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шинохта шуда, бо зиёда аз 190 давлати дунё ҳамкориҳои дипломатӣ дорад. Душманони миллати тоҷик ин дастовардҳоро дида натавониста нисбат ба давлати тоҷикон ва роҳбари он дар хориҷи кишвар ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ бадгӯйӣ мекунанд. Муҳидин Кабирӣ ва дигар ҷонибдорони ӯ солҳои тулонӣ бо ба даст овардани  маблағҳои муфт аз ҳисоби хоҷагони хориҷии худ даст ба табадуллоти давлатӣ зада, мехостанд ҷилави давлату давлатдориро ба даст гиранд. Хушбахтона онҳо ба ниятҳои нопоки худ нарасида, соли 2015 аз қаламрави ҷумҳури фирор намуда, муддате дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сар бурданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ТТЭ ҲНИ-ро маблағгузорӣ мекард ва ба воситаи   онҳо мехостанд Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон халал ворид сохта мазҳаби шиаро дар Тоҷикистон ҷорӣ намоянд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон, ки солҳои  90-уми асри гузашта як бор шаҳди ҷанги дохилиро чашида буд, дигар ба сафасатагуии онҳо гўш надода ба муқобили онҳо мубориза бурд. Ҷавонони моро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд, бо роҳи фиреб ба давлатҳои ҷангзадаи Ироқ ва Сурия ба ҷиҳод фиристода, аз ҳисоби онҳо маблағҳои калон ба даст меоварданд. Аксари ҷавонони фиребхурда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуда, авф гардиданд. Имрӯзҳои мухолифини давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Муҳидин Кабирӣ боз ба маблағҷамкунӣ аз ҳисоби давлатҳои Ғарб даст зада, мехоҳанд, ки ба ваҳдати комили мо халал ворид намоянд, лекин мардуми Тоҷикистон  ба дасисабозию ифротгариҳои хоинони миллат дода нашуда, таҳти сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат ба созандагию бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани Ватани азизи худ камари ҳиммат баста намегузоранд, ки нотавонбинону хоинони миллати тоҷик ба истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо халал ворид созанд.

Азизи Ҷаҳонгир

 

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top