Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

МАЪРӮЗАИ 

Сардори  Раёсати  молияи  ноҳияи  Вахш   «Дар  бораи  самтҳои асосии  сиёсати буҷетӣ- андозӣ  ва  хароҷотҳои маҳаллии  лоиҳаи  Буҷети  маҳаллии  ноҳияи Вахш  барои  соли 2019».

         Дар соли  2018  сиёсати молиявии  ноҳияи Вахш пеш аз ҳама ҷиҳати  иҷрои  дастуру  супоришҳои Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, ҷиҳати  расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар  корҳои  муайян ба анҷом  расонида шудаанд.

         Дар таҳияи Буҷети  маҳаллии ноҳияи Вахш барои соли 2019 тамоми сарчашмаҳои даромад ва самтҳои хароҷот вобаста ба афзалятнокии онҳо пурра ба инобат гирифта шудаанд.

         Лоиҳаи  буҷети  маҳаллии ноҳияи Вахш  барои  соли 2019  дар асоси  қарори  раиси вилояти Хатлон аз 20 декабри  соли 2018  № 01/540 ва нишондиҳандаҳои  асосии дурнамои  рушди  иҷтимоию  иқтисодии  ноҳияи Вахш  барои  соли  2019 ташаккул ёфтааст.

         Дар соли оянда  сиёсати  молиявӣ ба мақсади  мунтазам паст  кардани сатҳи тавварум, суръат  бахшидан  ба  рушди соҳаҳои  иқтисодиёт, ба низомдарории механизми ҷамъоварии пурраи андозҳо  ва дигар  пардохтҳо ба буҷет  ва роҳ надодан ба пайдо гардидани бақияпулиҳо  аз рӯи  андозҳо, мусоидати ҳамаҷониба  барои  рушди соҳаи  маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ва баланд  бардоштани  некуаҳволии шаҳрвандон ва ҳифзи  муҳити зист, давом додани  ислоҳоти музди меҳнат  дар соҳаҳо  ба  назар  гирифта  шудааст.

         Дар  соли 2019 ҳаҷми  умумии даромад  ба маблағи 36576772  сомонӣ  ва хароҷот  75097960  сомонӣ, бо назардошти  маблағҳои мақсаднок  аз ҳисоби  буҷети ҷумҳуриявӣ  ба маблағи 34266928  сомонӣ  аз  буҷети  вилоятӣ  ба  маблағғи  3708395 сомонӣ  ва касри  буҷет  ба маблағи  545865  сомонӣ  ба нақша  гирифта  шудааст.

         Ҳаҷми  умумии буҷети ноҳия  дар соли  2019  нисбат ба соли 2018  аз рӯи  даромад  ба маблағи 3499860  сомонӣ  ё 10 фоиз  ва хароҷот  8845404 сомонӣ  ё 13,4  фоиз  афзоиш  меёбад.

         Қисми  даромади  буҷети  маҳаллӣ  барои  соли  2019  аз маблағҳои  зерин  ташакул  меёбад:

 

- андози  даромад                                             -          9639211  сомонӣ;

-андоз аз фоида                                                 -         3030362  сомонӣ;

-андоз  аз  молу  мулки ғайриманқул             -          5125855  сомонӣ;

- андоз  аз  арзиши  иловашуда                       -          4901052   сомонӣ

- андоз аз истифодабарандагони

     автомобилгард                                             -          996870   сомонӣ;

- андози  низоми содакардашуда                    -          8583368   сомонӣ;

- андоз  аз  воситаҳои  нақлиёт                        -          2174973   сомонӣ;

- боҷи  давлатӣ                                                   -          1453255   сомонӣ;

- аксизҳо                                                              -          181162    сомонӣ;

- воридоти  ғайри  андозӣ                                 -          490664    сомонӣ

ба нақша  гирифта  шудааст.

         Даромади  буҷети  маҳаллӣ, ки дар  соли  оянда  пешниҳод  карда шудааст, воқеияти  реалии  рушди  иқтисодиётро инъикос  намуда, иҷроиши  он заҳмати  зиёдро  талаб мекунад.

         Агар  дар  соли 2018  воридшавии  даромад  ба буҷет  ҳар  моҳ ба 2,7  млн. сомонӣ  баробар  бошад, дар соли  2019 танҳо  даромадҳои  ҷории  буҷет 3048064  сомониро  ташкил медиҳанд, ки ин нисбати соли 2018-ум 291655  сомонӣ  зиёд мебошад.

         Дар  баробари  ин  ба  мо  лозим  аст, ки  сифатнок иҷро гардидани  қисми  даромадии буҷетро  таъмин  намоем.

         Аз ин лиҳоз, моро  зарур аст, ки  бори  дигар  манбаҳои андозбандии  даромади  буҷет, аз ҷумла  самаранокии баъзе имтиёзҳои  андозиро  барои  воридоти  мол, меъёри андозбандии  захираҳои  табии, аз байн  бурдани  фаъолияти иқтисодиёти пинҳонӣ, андозаи  пардохтҳои   патентӣ аз соҳибкорони инфиродӣ, беҳтар  ба роҳ  мондани  баҳисобгирии  андозсупорандагон  ва  объектҳои  андозбандиро  ҳаматарафа таҳлил  намуда, чораҳои  зарурӣ андешем.

         Сол то сол дар буҷети маҳаллӣ  ҳаҷми  умумии хароҷот  барои  соҳаи  иҷтимоӣ  ва таъминоти  нафақа  зиёд  карда мешавад ва дар соли 2019  низ ҳамин  тамоюл нигоҳ  дошта  шудааст.

         Дар  баробари  ин дар соли  оянда  барои  рушди  соҳаҳои реалии иқтисодиёт  низ  маблағҳои муайян равона  карда мешавад.

         Умуман, барои амалӣ  намудани сиёсати  иҷтимоии ноҳия, аз ҳамаи  манбаъҳои  маблағгузории маҳаллӣ  зиёда  аз 70831986  сомонӣ,  94,3  фоизи  ҳаҷми  умумии он равона  карда мешавад, ки ин нисбат  ба соли  ҷорӣ  8341557  сомонӣ  зиёд  мебошад.

         Дар  лоиҳаи  буҷет хароҷотҳо  барои мақомоти  ҳокимият  ва  идоракунии  давлатӣ  2727814  сомонӣ  дар  назар  дошта  шудааст, ки нисбат  ба  соли 2018  маблағи 346514  сомонӣ  зиёд  мебошад.

         Дар  маблағгузории  Мудофиа ва Мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ  ҳамеша  диққати  ҷиддӣ  дода шуда, дар буҷети соли 2019  хароҷотҳо  барои  нигоҳдории  сохторҳои  Мудофиа ва муҳофизат аз сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  708776  сомонӣ,  ё ин ки  0,9  фоизи  ҳаҷми  умумии қисми  хароҷоти  буҷети  ноҳия  пешбинӣ  карда  шудааст, ки нисбати  соли 2018  57709  сомонӣ  зиёд  мебошад.

         Аз ҷумла  барои соҳаи  маориф  дар буҷет  52511041  сомонӣ  нисбат ба соли  2018, 6327114  сомонӣ  ё  ин, ки 70,0  фоиз  ҳаҷми  умумии қисми  хароҷотии  буҷет  равона  карда  мешавад.

         Соҳаи нигаҳдории  тандурустӣ  яке  аз соҳаҳои  муҳим  дар  баланд бардоштани сатҳи  зиндагӣ  ва солимгардонии аҳолӣ  ба ҳисоб  меравад. Дар буҷети  соли 2019  барои ин соҳа 16789330  сомонӣ, бо афзоиш нисбат  ба соли 2018 1872260 сомонӣ ё ин, ки 22,3  фоиз ҳаҷми  умумии қисми хароҷотии буҷет  дар назар  дошта шудааст.

         Хароҷотҳои  ҳифзи  иҷтимоӣ  545005  сомонӣ  ба нақша  гирифта  шудааст.  Ба  иштирокчиён, маъюбон, кудакони маъюб  ва оилаҳои бесаробонмондаи  садамаи заводи Атомии  Чернобил  маблағи  44175 сомонӣ  пешбинӣ  карда  шудааст.

         Дар  соҳаи «Хоҷагии манзилию  коммуналӣ»  хароҷотҳои  буҷет  оиди  нигоҳдорӣ  ва таъмири  фонди  манзил, ободонии шаҳрак  ва  маркази  ноҳия  дар  соли  2019  ба  маблағи  умумии 300000 сомонӣ пешбинӣ карда  шудааст.

         Хароҷотҳои соҳаи  фарҳанг  986610  сомониро  ташкил  дода нисбат  ба  соли  2018, маблағи  84795  сомонӣ  зиёд  буда,  1,3  фоизи ҳаҷми  умумии қисми  хароҷотии  буҷет  ба нақша гирифта  шудааст.

         Аз он ҷумла  барои  чорабиниҳои  варзишӣ, барномаҳои ҷавонон, ватанпарастӣ  маблағи  27000  сомонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, матбуот  ва  нашриёт 959610  сомонӣ  равона  карда мешавад.

         Дар  соли  оянда барои тараққиёти  соҳаҳои  реалии  иқтисодиёт, аз ҷумла, кишоварзӣ (озуқаворӣ)  диққати махсус  дода  ба  ин  маблағи 244000  сомонӣ    пешбинӣ  шудааст.

         Дар  баробари  ин  барои  беҳтар намудани ҳолати роҳҳои  маҳаллии  ноҳия  дар  соли  оянда  100000  сомонӣ  дар  назар дошта  шудааст.

Қайд кардан  лозим аст, ки аксари Ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти  ноҳия маблағгузории хароҷотҳои худро аз ҳисоби даромадҳои худӣ  пурра таъмин  карда  наметавонанд.

Аз ин лиҳоз барои  пушонидани  ин  хароҷотҳо  аз ҳисоби  буҷети ҷумҳуриявӣ  ба буҷети  маҳаллии  ноҳия  34266928  сомонӣ  ва аз  буҷети  вилоятӣ  3708395  сомонӣ (маблағҳои  мақсаднок)  пешбинӣ  гардидааст, ки  50,5  фоизи ҳаҷми  умумии қисми  хароҷотии  буҷетро  ташкил  мекунад.

Ҳозирини гиромӣ!

Раёсати молияи ноҳия барои дар амал татбиқ намудани он вазифаҳое, ки имрӯз аз тарафи Шумо вакилони арҷуманд дар назди мо гузошта шудаанд, хусусан оиди ҷалб намудани захираҳои иловагии молиявӣ, истифода мақсаднок ва самаранокии маблағхои буҷетӣ, сифатнок иҷро гардидани буҷети ноҳия тамоми чораҳои зарӯриро меандешанд.

Дар охир аз Шумо муҳтарам раис ва вакилони арҷуманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

Муҳтарам вакилон!

Дар хотима хоҳиш менамоям, ки ҳисобот оид ба Бӯчети ноҳияи Вахш  дар  соли  2017  аз рӯи даромад  ба маблағи 60799,6  ҳазор  сомонӣ, аз рӯи хароҷот  ба маблағи 60752,1  ҳазор  сомонӣ бо зиёд  будани  даромад  нисбати  хароҷот ба маблағи  47,5  ҳазор сомонӣ  тасдиқ  карда  шуд.

 Қ. ФАЙЗАЛИЗОДА,

 сардори  Раёсати молияи ноҳияи  Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top