Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ВАТАН

Ватан – ҷоне, ки дар ҷони ману туст,

Ватан – ноне, ки  дар хони ману туст.

Ватан- ойинаи оби зулол аст,

Ватан – покии виҷдони ману туст.

 

Ватан ту волотарин ҳадя, муқаддастарин ва беҳтарин неъмати Худованди Бузург ҳастӣ барои ман! Пурарзиштарин туҳфа дар бозори қалби манӣ, ки онро ба ҳеҷ қиммате нахоҳам фурӯхт.

 

                                                        *****

Туро аз дилу ҷон дӯст медорам ва меҳратро дар хонаи дил чун тифли безавол парастишу навозиши мекунам ва туро биҳишти худ дар рӯи замин медонам.

Ин тӯӣ ки ман ҳастам, зиндагӣ дорам.  Хушбахтам, ки дар хоки азизи ту умр ба сар мебарам. Бе ту  ман ҳеҷам. Аз  ватандории хеш мефахраму  меболам ва бо як эҳсосоти наҷибу  пурҳаяҷон номи некатро ба забон меорам.

Ай Ватани азизу меҳрубон, ай Ватани сарсабзу хуррам. Ай зодгоҳи родмардони ҷаҳон, ай  дӯстдоштатарин макон дар руӣ олам, ай саодатномаи сарнавишти ман Тоҷикистон!

 

*****

Ай Ватани ман!

Дар оғӯши гарми  кӯҳсоронат чашм кушодаам ва дар домони пурэъҷози дашту саҳроят айёми  тифлиамро  гузаронидаам.

Қадамҳои хешро ба хоки зархезат ниҳодааму аз оби ширин чун шаҳдат  нӯшидаам ва аз ҳавои орому осоиштаат нафаси тоза гирифтаму ба камол расидам.

*****

Тоҷикистон, ту мулки  мардуми  бофарҳангу маърифатдӯстӣ, мулки  шоирону, олимону  орифон ва дӯстдорони илму донишу фазилату хирад ҳастӣ, мардумонат хеле зиёд дӯстат медоранд.

Тоҷикистон, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи пуррасрору дорои гулу гиёҳҳои шифобахш, олами ҳайвоноту набототи нодир, ганҷҳои бебаҳоят ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст.

 

*****

Туро месозам, ободтарат мегардонам. Ояндаи туро Тоҷикистон боз ҳам зеботару шукуфонтар дидан мехоҳам ва ин шеъри устод Бозор Собирро шиори худ дар зиндагӣ мехонаму баҳри созандагию пешрафти ту то вақте ҷон дар тан дорам, ҷаҳду талош хоҳам кард.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли ман!

 

Дубора созамат Ватан,

Ба хишти ҷони хештан.

Сутун занам ба сақфи ту,

Ба устухони хештан.

Донишҷӯ: Нигора ТОЛИБОВА.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top