Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем…

Эмомалӣ Раҳмон

 

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

 

Аҳли маорифи ноҳияи Вахш бо мақсади шарҳу татбиқи Паёми навбати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 26-уми декабр ироа гардид, гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳои  судманд доир намуданд. 

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол  гардид, он фарогирии  тамоми  ҷабҳаҳои мубрами рӯз ва ҷаҳонишавии  вазъи сиёсию  иқтисодӣ  дар  манотиқи  дигари  ҷаҳон  аз  нигоҳи дурбинона ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат баён  шуд.  Ҳар  як фард  метавонад чун роҳнамо  истифода бурда, барои пойдории давлат ва зиндагии тинҷу осудаи халқу  миллати тоҷик басо арзандаю созанда мебошад.

Омӯзгорони ноҳия дастуру супоришҳои  Роҳбари давлатро сармашқи кори худ  карда, баҳри  баланд бардоштани сатҳу сифати таълим  чораҳои  зарурӣ  андешида,  пайваста  кӯшиш  месозем,  ки  шогирдонро  дар  руҳияи  Ватандӯстӣ,  худогоҳӣ,  хештаншиносӣ  ва  пос  доштани  арзишҳои  миллӣ  тарбия намоем.  Фарзанди фарзонаи миллат маорифро  яке  аз  соҳаҳои  афзалиятноку  калиди  ҳисобида  ҳамасола  дар  паёмҳои  навбатиаш  зина  ба  зина  маоши  маорифчиёнро  баланд  бардошта  истодааст.  Аз  тамоми имкониятҳои  молиявиро  истифода  бурда,  аз  1 сентябри соли 2018-ум  музди  меҳнати  кормандони  буҷетӣ  зиёд  карданд. Аз  ҷумла  музди  меҳнати  кормандони  мақомоти идоракунии  давлатӣ,  муассисаҳои  маориф, илм,  фарҳанг,  варзишу  тандурустӣ,  соҳаҳои  ҳифзу  иҷтимоӣ  ва  дигар  соҳаҳои  буҷети  15 %  стипендяи  донишҷӯён 15 % баланд  бардошта  шуд.  Ин чунин дар Паём масъалаи  беҳтар  намудани  шароити  иҷтимоии  нафақагирон,  оилаҳои  камбизоат,  ятимону  маъюбон,  ятимони  кулл  низ  сахт  нигаронӣ  намуда,  даъват  ба  амал  овард,  ки ҳар  як  фарди  ба  нангу  ор,  саховатманд  метавонад,  ба  ин  гуна  ашхос  кумак намояд.  Сари ятимонро сила  созад.  Зеро онҳо низ  худро  танҳо  ҳис  накунанд. Баҳри донишомӯзӣ, омӯхтани забон, ҳунар аз  худ  кардан,  меҳру  муҳабат  нисбат  ба  Ватан  доштанро  дар  қалби насли  наврас  ҷо  намудан  вазифаи  мо-омӯзгорон мебошад. Зеро насли наврас умеду  ормонҳои насли калонсоланд.

 Аз наврасӣ хислатҳои хуби  инсонӣ,  босабру  таҳаммул, шукргузор  аз  кишвари  биҳиштосо,  пос доштани забон, муқаддасоти миллӣ, арзгузоштан ба арзишҳои миллӣ, риояи урфу одатҳои гузаштагонамон ниёгонамонро  ба  онҳо  омӯзонем.  Барои ҳифзу  марзу буми хеш омода бошанд. 

Мо  шукргузор  аз  он  ҳастем,  ки  дар  зери  Парчами  сулҳу  суботи  Ватани  азизамон  умр  ба  сар  бурда  истодаем.  Ин  арзгузориҳо  ин  меҳру  муҳаббати  самими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  буд,  ки  солҳои 2019-2021-умро  «Соли  рушди деҳот,  саёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ»    эълон  намуданд. 

Шукрона аз  кишвари  тинҷу  осуда, мекунем  ва  даъват  ба амал меорам, ки ба  қадри    ҳар як  порчаи  замини Ватани  аҷдодиамон расида,  барои  таълиму  тарбияи  насли  наврас  ҷидду  ҷаҳд  намоем  ва  дар  оянда  мутахасисони хубро  тарбия  ба камол расонем.

Ҳамеша Пешвои миллат фикри ояндаи фарзандони мову шуморо мекунад, ки баъзе аз волидайн андешаи ояндаи тифлонашонро намекунанд. Имрӯзҳо иддае аз падару модарон аз субҳ то шом дар бозор ба савдогарию мардикорӣ ва корҳои ночиз машғуланд. Намедонанд, ки фарзандонашон дар мактаб чанд соат таҳсил мекунанд. Ҳатто баъзан волидайне ёфт мешавад, ки намедонад, ки фарзандаш дар синфи чандум мехонаду роҳбари синфаш кист. Рӯзномаҳои фарзандонашонро ҳатто моҳҳо ҳам варақ намезананд, ҳамаи ин хунукназарии онҳоро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба тасвиб расонд. Чунки тарбияи фарзанд аз оила сарчашма гирифта, дар ҷомеа рушду нумуъ меёбад.

Фарзанд меваи умри одамӣ аст. То он лаҳзае, ки ҷон дар рамақ дорем, набояд аз тарбияи фарзанд канораҷӯйӣ кунем. Фарзандони худро ҳунар ва илм омӯзем ва онҳоро таълиму тарбияи хуб диҳем, то оқибат ашки ғам аз дидаҳояммон ҷорӣ нашавад.

Волидайни азиз, биёед мо-фарзандонро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Ояндаи мову миллату ин сарзамини биҳиштосо дар дасти фарзандони мову шумост.

Нагузорем фарзандонамон дар кӯчаю хиёбонҳо, одобу рафтор, гуфтори бад намоянд. Нисбати ахлоқи ин гуна ҷавонон  бетарафӣ зоҳир насозем. Омӯзгорону зиёиён ва калонсолон дар ин кори хайр саҳм гузорем, ҷавононро аз гумроҳшавӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ғайр боз дорем, зеро ояндаи миллат онҳоянд. Ҷавонони маърифатдӯсту бофарҳангро  камол расонем ва дар зиндагӣ комёб шавем.

Мо-аҳли маорифи ноҳия Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас ва ободонии Ватан камари ҳиммат мебандем.

 

Ш.Маҳмадсаидзода,

Мудири шуъбаи маорифи

мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top