Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ

26-декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон Паёми навбатии худро ба мардуми шарафманди кишвар ва маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудаанд, ки фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар мегирад. Се руйдоди  муҳими таърихии сол ин 22 марти соли 2018 рӯзи байналмилалии захираҳои об расман оғоз гардидани татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об- “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷлиси умумии Созмони Миллали Мутаҳҳид, ба кор андохтани агрегати  якуми неругоҳи  обии “Роғун”, ки ормони чандинсолаи миллат буда, як қадами устувор барои расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ-истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи сеюм ин барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ҷумҳурии ҳамсоя Узбекистон, ки ба ҳаёти ҷамъиятию иқтисодии мардум таъсири бениҳоят зиёди мусбӣ дорад. Мардум  ба ин кишвари дӯсту ҳамсоя озодона сафар карда, аз ҳоли хешу табор ва наздикони худ хабардор мегарданд, ки ин худ гувоҳ аз сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳ медиҳад.

Дар натиҷаи амали намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта  соли 2018 маҷмуи маҳсулоти дохила рушд ёфта, сатҳи таваррум 5,4% нигоҳ дошта шуд. Таъсиси 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, шумораи муҳоҷирони меҳнатиро 25% кам намуд. Даромади пулии мардум зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ то 29,5% коҳиш ёфт. Аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи буҷетӣ аз  ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайраҳо инчунин нафақа ва стипендия 15%  баланд бардошта шуд, ки боиси баланд бардоштани  сатҳи зиндагии мардум гардид. Ҳадафи чоруми милли эълон саноати кунонии кишвар, ки боиси  ташкил гардидани  гардидани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мегардад ба мардум шодию фараҳ ва умед ба зиндагии шоиста меорад.

Таъмири роҳҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, иншооотҳои хизматрасонӣ, ки дар Паёми навбати ирсол гардид, ба хотири пешрафту тарақиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Соли 2019-2021 эълон гардидани соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, моро водор месозад, ки дар рушди деҳот эҳёи ҳунарҳои мардумӣ фаъол бошем.

Ҳамаи ин суханҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ироа намуданд, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро  водор месозад, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, ба шукргузори аз Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ба дасту дилу нияти пок амал намуда, дар сиёсати Пешвои миллат собитқадами устувор монда нагузорем, ки нохалафу нотавонбине ба истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо халал ворид созад. Ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси кишварро зарур аст, ки барои пешрафти тарақиёт ва ободии  Ватан аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намуда дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат  ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо натиҷаҳои назаррас истиқбол гирем.

 

 

Азизулло Неъматов,

роҳбари ТИ ҲХДТ “Маърифатчиён”

дар ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top