ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд.                

                                                                                                                                                             Эмомалӣ РАҲМОН.

Терроризм ин падидаи мушкили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандасра ва хусусиятҳои равиявию даҳшатовар мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Пайдоиши калимаи «террор» дар забони лотинӣ бо ду маъно дарҷ гардида буд…

Муфассал


 

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 13 марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуданд...

Муфассал


ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу нопоки сиёсӣ содир карда мешавад. Номи неки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст…

Муфассал


НИҲОДҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР ҚАЗИЯИ ГАДОЕВ КОМЁБ БУДАНД (ОЁ СУЛАЙМОН ДАВЛАТОВ БА ВАЪДААШ ВАФО МЕКУНАД?)

Бо баргардонидани Гадоев Шарофиддин, ки шоми 2-юми март сурат гирифт, ниҳодҳои давлатӣ фарҳанги воло ва мудирияти истисноӣ нишон доданд.  Сараввал, заминаи бозгашти раҳбари «Паймони ба ном миллӣ»-ро мусоид сохтанд ва ба мухолифон фаҳмонданд, ки дар гӯр ҳам бошанд, дар дастрасии қонун  қарор доранд...

Муфассал


СУХАНРОНИИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАХШ МУҲТАРАМ  ШАРБАТУЛЛО АЗИЗУЛЛО ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ «РӮЗИ МОДАР» 7 МАРТИ СОЛИ 2019.

МОДАРОНИ МЕҲРУБОН, 

БОНУВОНИ МУҲТАРАМ ВА ХОҲАРОНИ АЗИЗ!

Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро, ки бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳтиром ва гиромидошти хизматҳои модар дар феҳристи иду ҷашнҳои кишварамон ҳамчун саҳифаи нав ворид гардидааст ба кулли сокинони диёрамон, бахусус модарону бонувони ноҳия самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландиро орзу менамоям…

Муфассал


АНДЕШАҲОИ ПОЙДАРҲАВО 

Хабари сомонаи «payom.net», аз 5.03 2019, бо сарлавҳаи «Дар НБО Роғун садама рух додааст?» пурра дурӯғ ва иғвоангез буда, як кушиши соддалавҳона бобати паст задани обруи кишвари мо ва бунёдкориҳои азим дар он ба шумор меравад...

Муфассал


Суханронии Раиси ноҳияи Вахш муҳтарам Шарбатулло Азизулло дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбииАртиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми ҳарбии №45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи         23-феврали соли 2019… 

Муфассал


ТАНЗИМ- БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», к ибо ташаббуси ббевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расида, дар ҳақиқат баҳри пешрафти тараққиёту иқтисодиёти сокинони кишвар равона гардидааст...

Муфассал


ҲАНГОМАҲОИ ТАКРОРӢ

Рӯзҳои охир сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони буҳтонсозиҳои ашхоси ғаразнок табдил гаштааст. Ҳамаи ҷойҳоро аз ҳангомасозиҳои марбут ба бозгашти Шарофиддин Гадоев пур сохтаанд. Дигар мавзӯи ҷолиби диққат гӯё барои ин ҷанобон намондааст...

Муфассал


ЧАРО ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲОИ ҶАВОН МЕАФЗОЯД?

Оила  ба ҳар як инсон азиз  мебошад. Маҳз оила аст, ки инсонҳо дар ҳамин муҳит тавлид шуда, тарбия меёбанд. Ҳар як падару модар фарзандро ба дунё оварда, ба камол мерасонад ва баъдан оиладор менамояд, вале рӯз то рӯз ҷудошавии оилаҳои ҷавон зиёд шудааст…

Муфассал


ВАТАНПАРВАР

Озмуни “Ватанпарвар”  бахшида 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои болоии макотиби ноҳия шуда гузашт. Дар ин сабқат аз ҳамаи мактабҳои Ҷамоати шаҳраки Вахш ва Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ байни ҳам сабқат намуданд.

Дар ҷамбасти озмун ғолибон бо туҳфа ва ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.


МУЛОҚОТ БО АҲЛИ ҶОМЕА

Дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши САҲШ, занон, маориф ба аҳли ҷомеа баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Фариштамо Зоҳидзода, Таҳмина Азизова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроия суханронӣ намуданд. Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳои дар он аст, ки волидайн бо ҷавонон пеш аз оиладоршавӣ нозукиҳои оиладориро фаҳмонанд, то пошхӯрии оилаҳои ҷавон коҳиш ёбад.

-Мо-аҳли зиё  бояд дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бештар намуда, то садди роҳи пошхӯрии оилаҳои ҷавон гардем. Фарзандони худро барои оиладоршави омода карда, ба духтар ҳунарҳои пухтупаз, дӯзандагӣ, тозагӣ ва сабур будан дар зиндагиро омӯзонем, -гуфт дар фуроварди сухан муовини раиси ноҳияи

Ф.Зоҳидзода.


ВОХӮРИИ ГУРУҲИ КОРИИ БО ҶАВОНОН

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Фариштамоҳ Зоҳидзода бо хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид.

Ф. Зоҳидзода дар назди хонандагон оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, ба саволҳои хонандагон посухҳои мушаххас дод.

А. Солеҳова