БАҲОР ФАСЛИ ЗЕБОИ СОЛ

Ҷумъа, 20/03/2020-12:28 Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, бахшида ба фарорасии  иди Наврўзи байналмиллалӣ, ба Шўъбаи Вазорати Корҳои Дохилӣ дар ноҳияи Вахш раҳсипор шуда, кормандони ин мақомотро бо табрикнома ва суманаки наврўзӣ табрик намуда, дар ин фасли зебои сол ба онҳо хушбатию сарбаланди орзу намуда, дар корҳои минъбадаашон бурдбориҳо таманно намуданд.

Идомаи хониш ... БАҲОР ФАСЛИ ЗЕБОИ СОЛ

БАҲОР ФАСЛИ ШУКУФТАНҲО

Ҷумъа, 20/03/2020-12:26 Чун баҳор мерасаду табиат ба  шукуфтан оѓоз мекунад, мардуми шарафманди тоҷик низ ба корҳои ободиву созандагӣ, машѓул мешаванд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш кормандони мақомоти судиро бо фарорасии фасли арўси сол, яъне баҳор ва иди Наврўзӣ байналмиллалӣ муборакбод намуда, онҳо ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми заҳматкашӣ вахшонзамин ин фасли дилафрўз ва Наврўзӣ…

Идомаи хониш ... БАҲОР ФАСЛИ ШУКУФТАНҲО

НАВРЎЗ МУБОРАК!

Ҷумъа, 20/03/2020-12:24 Бахшида ба ҷашни иди Наврўзӣ байналмиллалӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ба як қатор мақомотҳо рамзи наврўзӣ, яъне  суманакро  ҳамчун ҳадяи баҳорӣ ва табрикномаи Наврузӣ пешниҳод намуданд. Ба Прокуратураи ноҳияи Вахш ташриф оварда, кулли кормандони ин мақомот ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафи Тоҷикистонро бо омад-омади ин иди аҷдодӣ таҳният гуфта, бо шеърхонии…

Идомаи хониш ... НАВРЎЗ МУБОРАК!

ОМОДАГИ БА ТАҶЛИЛИ НАВРЎЗ ДАР МУАССИСАҲО

Ҷумъа, 20/03/2020-12:22 Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврўзӣ оламафрўз, дар тамоми ташкилоту муассисаҳо корҳои тозагию ободонӣ ба анҷом расида истодааст. Марказӣ ноҳия симои худро кулан дигаргун намуда, мардуми касбу кори гуногун дастаҷамъона ба атрофро тозаю озада гардонида истодаанд. Бо ҳамин максад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и Ҷамоати шаҳраки «Киров»-и ноҳияи Вахш бо тариқи ҳашар шанбегӣ гузаронида шуд. Кормандони…

Идомаи хониш ... ОМОДАГИ БА ТАҶЛИЛИ НАВРЎЗ ДАР МУАССИСАҲО

ОБОДОНИ ДАР МАҲАЛ

Ҷумъа, 20/03/2020-12:20 Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вадати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бахшида ба иди байналмилалии Наврўз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мискинобод»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо иштироки васеи сокинон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид. Дар чорабинии имрўза аъзоён ва ҷонибдорони ТИ мазкур ҷуйборҳои обравро тозаву озода намуда, дар корои…

Идомаи хониш ... ОБОДОНИ ДАР МАҲАЛ

ТОЗАКУНИИ ЗАҲБУРУ ЗАҲКАШҲО ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛИСТ

Чоршанбе, 18/03/2020-16:50 Кишоварзони ноҳия, аз ҷумла меҳнаткашони хоҷагии тухмипарварии «Кўлоб» баҳри замина гузоштан барои ба ҳосили оянда имрўзҳо корҳои саҳроиро дар самти яхобмонӣ, ҷўйбортозакунӣ, заҳбуру заҳкаштозакунӣ, ҷуфти заминҳо ва дигар корҳои вобаста ба кишту кори баҳорӣ  вусъат дода истодаанд. То ин дам  ба миқдори 6 ҳазор метар заҳбуру заҳкашҳо,беш аз 20 ҳазор метри мукааб ҷўйборҳо тоза карда шуда, зиёда аз…

Идомаи хониш ... ТОЗАКУНИИ ЗАҲБУРУ ЗАҲКАШҲО ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛИСТ

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Чоршанбе, 18/03/2020-16:53 Ҳамасола дар ноҳия маъракаи дарахт ва гулу гулбутта шинондан анъана шудааст ва мардуми шарафманди ноҳия дар ин самт бисёр фаъолияти хуб нишон медиҳанд, ки ин кори  хуб аст. Зеро зебогӣ  ин худ як навъи табобати руҳӣ мебошад барои  инсон. Тибқи нақша шинондани дарахтони ҳамешасабз 4 ҳазор, ороишӣ  2 ҳазор, сояафкан 15 ҳазор бехро ташкил медиҳад. Дар хусуси иҷроиши…

Идомаи хониш ... ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ГАРМХОНА БАРОИ ГУЛПАРВАРӢ

Чоршанбе, 18/03/2020-16:50 Бо иқдом ва дастгирии  иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳия муҳтарам Юсупов Қурбоналӣ Қувватович дар ноҳия боз як минтақаи гулпарварӣ расман ба кор оғоз намуд. Пешбурди корҳои гулпарвариро дар ин ҷо гулпарвари моҳир Саидпочо Ҷононова ба уҳда дошта, аллакай 5 гармхонаи гулпарвариро омодаи кор намудааст. Ба иттилоъи худи ў айни ҳол аз рўи 4 намуди гулҳо 100 ҳазор дона гул…

Идомаи хониш ... ГАРМХОНА БАРОИ ГУЛПАРВАРӢ

ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАХШ БАРГУЗОР ГАРДИД

Душанбе, 16/03/2020 – 13:45 Имрўз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардида, дар он иҷрокунадаи вазифаи  раиси ноҳияи Вахш Қурбоналї Юсупов,  намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Маҳмадсаид Зуҳурзода, вакилони тозаинтихоб, фаъолон ва аъзои ҳизб иштирок доштанд.   Дар иҷлосия ахбороти Комиссияи ноҳиявии интихобот шунида шуда, ваколати вакилони тозаинтихоб тасдиқ…

Идомаи хониш ... ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАХШ БАРГУЗОР ГАРДИД

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 тасдиқ шуд

Ҷумъа, 13/03/ 2020 -10:40 ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Ин рамзҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст. Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ…

Идомаи хониш ... Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 тасдиқ шуд