Шанбе, 22/02/2020-08:55
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, вохӯрии навбатии худро ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад, дар Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш, дар маҳаллаи Шар-Шар вохӯрӣ бо иштироки аҳли маҳал ва номзадҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Нахуст сухани ифтитоҳиро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов оѓоз намуда таъкид доштанд, ки интихобот муҳимтарин василаи иштироки мардум дар идора намудани давлат ба шумор меравад ва шахсоне, ки ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд, дар ин маъракаи сиёсӣ бо як руҳияи баланди ватандӯсти иштирок намуда, баҳри ояндаи босубот ба вакилҳои арзандаи худ овоз диҳанд. Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ вакилон низ суханрони намуда, бо интихобкунандагон аз наздик шинос шуда, хоҳишу дархостҳои онҳоро шунида қабул намуданд.