Чоршанбе, 12/02/2020-19:29
10-уми феврали соли 2020 нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Қабл аз оѓози нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бо ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш оид ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2019 шинос гардиданд.
Ободонӣ ва кабудизоркунӣ аз ҷумлаи корҳои рӯзмарра буда, дар соли сипаришуда дар майдон гулҳои мавсимии ҳархела ва дарахтони ҳамешасабз шинонда шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов нишастро оѓоз намуда, ба суолҳои рӯзноманигорон оид ба таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати тозагии ҷӯйҳои обгузари маркази ноҳия, тамбашавии нақлиётҳо дар кӯчаҳои марказӣ, рушди соҳаи саноат ва шуѓли мардум, тавсеи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар суолҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дода, изҳор дошт, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия камбудиҳои ҳалталаб низ зиёданд ва мо бояд якҷоя дар ҳамбастагию ҳамкорї онҳоро бартараф намоем. Манфиати Ватанро боло аз ҳама гузошта, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилонаю садоқатмандона кор кунем. Худованд ба мо беҳтарин сарзаминро додааст ва ободу шукуфон намудани он қарзи виҷдонию имонии ҳар як нафари мо мебошад.