ДАР ИНТИХОБОТ ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ МУҲИМ АСТ

 Сешанбе, 11/02/2020-18:35

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳия бо мақсади ширкати фаъолона доштани аҳолӣ дар интихоботи дарпешистода, ба мардум фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо сокинони мањаллањои «Садриддин Айнӣ», «Кайҳон», «Бобоҷон Ғафуров», «Марказӣ» ва «Мирзо Турсунзода» Љамоати шањраки Вахш вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин атрофи моҳияти маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ҳарф зада, даъват ба амал оварданд, ки дар ин маъракаи муҳим иштироки фаъолона ва ташвиқи босамари ҳар як узви ҲХДТ зарур аст. Бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ва дар пешрафти кишварамон саҳмгузор бошем.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *