ВОХЎРИИ КОРМАНДОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ

Сешанбе, 11/02/2020-18:24

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд  баҳри  дар амал  иҷро ва баррасӣ намудани он дар  МТМУ №56-и вохӯрӣ бо аҳли зиёӣ, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо доир гардид.

Дар вохӯрии намояндагони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия оид ба пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва гирифтани сади роҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон баррасӣ гардид.

Яке аз сабабҳои асосии даст задани ҷавонон ба ҷинояткорӣ ва зиёд гардидани амалҳои номатлуб тарбияи нодурусти фарзандон мебошанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *