БАРНОМАИ ҲХДТ – БАРНОМАИ РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ АСТ

Ҷумъа, 07/02/2020-18:15

Бо  иштироки намояндагони Кумиитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилотҳои ибтидоии «Зархез» ва «Зартеппа» бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ масъулин атрофи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ намуда,  ќайд карданд, ки Барномаи ҳар ҳизб муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ҷомеаро метавонад ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин ҷомеа тасмим мегирад бо кӣ ва чи мақсаду ҳадаф ба куҷо равад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25 сол собит сохт, ки  метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *