ҶОНФИДОИ ВАТАН БОШЕМ

Сешанбе, 04/02/2020-17:55

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид менамояд.

«Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».

Террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ худӣ ё бегона буда наметавонад. Мо-ходимони динро зарур аст, ки гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем. Пайваста бо онҳо сӯҳбату вохӯриҳо гузаронем ва оқибатҳои нохуши шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву тундгаро фаҳмонида диҳем. Тайи солҳои охир дар зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои террористӣ қарор гирифтанд. Яке аз чунин амалҳо дар дидбонгоҳи сарҳадии «Султонобод», ки шаби 6 ноябр ба вуқуъ пайваст дар ин гурӯҳи мусаллаҳ ҷавонону занон ҳатто кӯдакон низ шомил буданд.

Баъзан ба назар мерасад, ки дар ин гурӯҳҳои тундгаро натанҳо ҷавонон балки наврасон бо ҳамроҳии аҳли оилаҳои хеш бо фиребу найранг дар гурӯҳҳои мусаллаҳи давлати исломӣ шомил гаштанд.

Ҳадафи ягонаи онҳо на кӯмак расонида балки маҳрум сохтани ҳаёти шахсони бегуноҳ аст. Хуни ноҳақ рехта ба фикри хоҷагонашон фидоиёни роҳи исломанд. Вале дар асл чунин нест. «Хуни ноҳақ резӣ ба биҳишт меравӣ», дар як оятҳои қуръонӣ нест. Худованди меҳрубон дар каломи бузурги худ маҳрум сохтани худ аз ҳаёт баён менамояд:

«Ва хештанро макушед. Ҳамоно Худованд бо шумо меҳрубон аст». 

Сураи «Нисо»-ояти 29-ум.

Давлатҳои абарқудрат имрӯз барои манфиати шахсии худ манбаъҳои фоиданок ба монанди нафту газ байни худ тақсим карда истодаанд. Мақсадҳои геополитики худро дар давлатҳои нав рушд карда, мавриди ҳадафи худ қарор медиҳанд.

Терроризм ва экстеремизм яке аз зуҳуроти номатлубе дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад ва боиси аз байн рафтани давлат ва миллатҳо мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамояд, ки алайҳи терроризм ва экстремизм мубориза беамон бурд. Муносибати дурӯягӣ алайҳи ин зуҳуроти номатлуб самараи нек намедиҳад.

Мо-ходимони дин ҳамеша сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор медиҳем. Кӯшиш ба харҷ медиҳем то ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ тарбия намуда, ба онҳо касберо омӯзонем. Онҳо бо шуғл фаро гирифта, рушди нумуи кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоранд. Аз онҳо муҳофизони шуҷои Ватанро тарбия намоем, то баҳри ҳифзи сарҳади давлат омода шуда,  Ватан-модари худро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ҷонфидои он бошанд.

Раҷабалӣ Фатоев,

имомхатиби масҷиди ба номи

«Мирзо Ҷанбил»-и Ҷ/д «Машъал»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *