Душанбе, 20/01/2020-10:20
Сада яке аз ҷашнњои мардуми ориёнажод мебошад, ки рӯзи 10-уми моҳи 11-уми солшумории шамсӣ- Баҳманмоҳ барпо мегардид.
Аз сабаби аз 10-уми Баҳманмоҳ то ҷашни Наврӯз 50 шабонарӯз аст ин рӯзро Сада ном ниҳоданд. Чунки ниёгони мо аз қадим то имрӯз ҳам шабу рӯзро алоҳида ҳисоб менамоянд.
Тибқи ривояти «Шоҳнома» ин ҷашнро шоҳ Ҳушанг асос гузоштааст. Гӯё ӯ ҳангоми шикор бо дарбориёнаш ба мори калоне (аждаҳое) дучор мешаваду ба сӯи ӯ санге меандозад. Санги партофтаи Ҳушанг ба мор нарасида ба санги дигар бархурда аз он оташак ҷаҳида, оташ кашф мешавад.
Дар оини зардушти ва ё оташ ҳамчун рамзи муқаддас, покӣ ва рушноӣ ёд мешавад. Аҷдодони мо тоҷикон пеш аз Ислом, ки оинашон маздаясноӣ буд, оташро ҳамчун таҷаллии нури Аҳурмаздо дар замин пиндошта ба он саҷда мекарданд.
Оташ ҳамчун манбаи гармӣ, рӯшноӣ ва ниҳоят наҷотдиҳанда аз сардиҳо ва ҳифзкунанда аз ҳайвоноти ваҳшӣ барои инсонҳои ибтидоӣ муаммое буд. Шояд дар асоси ҳамин хусусиятҳояш аҷдодони мо оташро муқаддас шуморидаанд.
Дар дигар манбаҳои таърихӣ низ оташ дар баробари обу хок ҳамчун ашёи поккунанда ёд шудааст. Дар оини зардуштӣ низ ориёиҳо дар фасли баҳор айёми Наврӯз гулхан афрӯхта аз болои он меҷаҳиданд то, ки гуноҳои яксолаи онҳо пок гардад. Ин анъанаро дар замони мо низ дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон дидан мумкин аст, ки аз оини бисёр асраи мо тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.
Сада ҷашни мулки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
( Унсурӣ)
Баҳром ОДИНАЕВ