БАРНОМАИ РАҲНАМУНСОЗ

Душанбе, 13/01/2020-08:15

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, қабл аз ҳама, инъикосгари пешрафти самтҳои мухталифи ҷомеаи муосир буда, ҳар нуктаву дастур ва пешниҳодоти он ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардум равона шудааст. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ чун паёмҳои қаблӣ барномаи раҳнамунсозе барои аҳли ҷомеа, алалхусус мо – омӯзгорон мебошад.

Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бузург доранд. Дар баробари таълим, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо низ вазифаи ҷонии омӯзгор ва волидайн мебошад. Пешвои миллат дар ҳар як паёмашон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус дода, барои қадрдонӣ ва ҳавасманд гардидан марҳила ба марҳила музди маоши омӯзгоронро зиёд ҳам намудаанд.

Аз ҳама нуктаи муҳим ва басо заруру саривақтӣ, ки Пешвои миллат қайд намуданд, таваҷҷуҳ ба фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ буд, ки маро ҳамчун омӯзгори фанҳои дақиқ ором нагузошт, то ба ин пешниҳоди муҳим ҳамовоз бошам. Собиқаи беш аз 46-солаи омӯзгории камина нишон дод, ки солҳои охир ҷавонону наврасон ба фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ таваҷҷуҳи камтар зоҳир менамоянд. Акнун бо боварӣ гуфта метавонем, ки эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз тарафи Пешвои миллат, дар ташаккули техникӣ, азхудкунии ин фанҳо ва ҳавасмандгардии наврасону ҷавонон нисбат ба фанҳои дақиқ такони ҷиддие хоҳад бахшид. Бо мақсади ҳарчи бештар ташвиқ намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бояд ҳар гуна озмунҳо ташкил намоем, хонандагони болаёқатро ҳавасманд созем.

Роҳбари давлат дар Паёмашон дар бораи бунёди даҳҳо муассисаи таълимӣ бо ҳазорҳо ҷойи нишаст барои хонандагон, муҷаҳҳазонии мактабу донишгоҳҳо маълумот дода, зикр намуданд, ки дар соли нави 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Акнун навбати мо – омӯзгорон аст, ки ҷавобан ба ин дастгириҳо ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорем.

Мо – омӯзгорон аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, онро сармашқи кори худ қарор дода, барои амалӣ намудани вазифаҳои дар наз-дамон гузошташуда бо дарки баланди масъулият ва ҳисси хештаншиносии миллӣ, ифтихор аз ватандорӣ ҷаҳду талош хоҳем кард. Наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳнатдӯстӣ, ифтихори баланди ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ тарбия менамоем.

Зебонисо НОДИРОВА,

омӯзгори МТМУ №3-и

ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *