ПАЁМИ ПЕШВО САРМАШҚИ КОРИ МО

Ҷумъа, 10/01/2020-16: 10

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 26 декабри соли 2019 доир гардид, ҳамчун  санади муҳими барномавӣ  ифода  шуда, сармашқи корӣ  тамоми  халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Яқинан Паём муҳимитарин барномаи дорои хусусияти созанда ва ватандӯстиву ватанпарастӣ  буда, оғози ҳамагуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода мешавад.

Дар ҳақиқат,  Паёми навбатии  Пешвои миллат  тамоми ҷабҳаҳои  мухталифи ҷомеаро фаро гирифта, ҳамчун таккондиҳандаи рушди соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз  тавассути  Паём ба  сокинони кишвар аз фаъолияти яксолаи давлату ҳукумат  иттилоъ  дода шуда, нақшаҳо  барои  соли оянда тарҳрезӣ  мегарданд.

Паёми имсолаи Пешвои миллат, ки тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ  ва радиоӣ мустақиман пахш гардид,  аз ҷониби мардум ҳамчун санади роҳнамо пазируфта шуд. Вазифаи ҳар як шахси ватандӯст дар Паём ироа гардида, роҳҳои расидан ба он зикр гардид.

Дар Паёми худ Роҳбари давлат ба  Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш  ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар амал татбиқ гардидани чорабинҳои «Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» талошу заҳматҳои мардуми меҳнатдӯсти ватанамон, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон  мусоидат намуда, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба назар расида истодааст. Афзоиши  маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ, ки дар соли 2019 рӯ ба афзоиш  ниҳод,  нишон аз гуфтаҳои болост.      

Ҳамзамон, Пешвои миллат дар Паёми солонаашон вобаста ба саноатикунонии кишвар эътибори ҷиддӣ дода, таъкид намуданд, ки соли 2020 татбиқи боз 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ оғоз меёбад, ки ин тадбирҳо ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон гардида, Тоҷикистонро аз кишвари рӯ ба рушд ба марҳилаи нави тараққиёт ворид месозад.

Инчунин, дар Паём оид ба Истиқлолияти комили энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳимми стратегӣ пайваста дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019, 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловват-соат) афзоиш ёбад. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуд. Вобаста  ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ таъкидҳои муфид низ доданд. Дигар масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки занон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъолдошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, Пешвои миллат зикр доштанд, ки ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии  пешрафти  ҷомеа ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои  муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.

Ман ҳамчун ҷавони даврони соҳибистиқлол аз ин дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, тамоми кӯшишу ғайратамро баҳри ободии Ватани азизам- Тоҷикистони соҳибистиқлол равона месозам.

Илҳом Даминов,

мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва

матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *