БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Душанбе, 06/ 01/2020 – 09:48

Дар Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш оид ба иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардида, ҳамзамон ҷиҳати фаҳмондани  моҳияти  барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и қайд карданд, ки се соли охир дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ чандин иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таҷдид карда шуданд. Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии  мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло бомаром идома доранд.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда ва беҳбудии ҳаёти  иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ раҳнамоест барои ояндаи мо.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *