ИҚДОМИ НЕКИ ҲИЗБИЁНИ ВАХШ

 Душанбе, 06/01/2020 – 08:49

Дар доираи Аксияи ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид месозад!” Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ноҳияи Вахш ба 104 пиронсолони яккаву танҳо ва маъюб, оилаҳои камбизоат  кумаки моддӣ расонида, туҳфаҳо  тақдим намуданд.

Ба 282 тарбиятгирандагони муассиса-интернати ятиму бепарасторони   ноҳия либоси зимистона ва кумакҳои моддӣ расонида шуд. Ин  кори хайр аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорони муваффақ  Нуралӣ Ризоев, Муҳибулло Ҳабибов, Абдухолиқ Саидов   амалӣ гардид.  Аз иқдоми неки ҳизбиён шахсони эҳтиҷманд рӯҳбаланд гардида, миннатдории хешро аз сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *