Шанбе, 04/01/2020- 17:17
Вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳия баргузор гардид.
Муовини раиси ноҳия Ф. Зоҳидзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор кард, ки ҳадаф аз ин чорабиниҳо баррасии мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад.
Паёми имсолаи Роҳбари давлат идомаи мантиқии Паёми солҳои қаблӣ буда, хусусияти фарқкунандаи он таҳлили дастовардҳои 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳадаф аз он таъмини зиндагии шоистаи мардум аст, ки имрӯз тамоми ҷомеаи кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма бо муҳтавои он шинос гардиданд ва ин нуктаро хуб дарк намуданд.
Барои ҳар яки мо пӯшида нест, ки чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодие, ки дар замони муосир гузашта истодаанд, мушкил ва пурпечутоб аст ва нигоҳ доштани ягонагӣ ва сулҳу ваҳдати комил кишвар моро метавонад дар ин раванд дастгиру мададгор бошад. Бинобар ин ҳар кадоми моро зарур аст, ки беш аз пеш зираку ҳушёр бошем, фирефтаи доми макру фиреб нагардем. Дар ҳар ҷое, ки бошем ҳимоя аз озодиву истиқлоли Ватан намоем, баҳри рушду пешрафти ин мулки биҳиштосо ва зиндагии хуррамонаи фарзандонамон талош варзем.
Масъалаи муҳиме, ки имрӯз ҳар фарди ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, ин бо ҳар роҳ ҷалб намудани ҷавонон ба андешаҳои ифротӣ ва кашидани онҳо ба ҷанг аст, ки ин нуктаро то ҳатто худи доираҳои исломӣ низ маҳкум менамоянд. Муовини раиси ноҳия аз ҳозирини ҷаласа, бахусус занону модарон таъкид ба амал овард, ки дар ин раванд бетараф набошем, зеро масъулияти баланди шаҳрвандӣ – тарбияи насли имрӯз бар дӯши мост ва иҷрои он саҳми арзандаи мо дар рушди ҷомеа хоҳад шуд.