АЗ РАИСИ НОҲИЯ МИННАТДОРЕМ

Шанбе, 28/12/2019- 11:39

«Ҳар шахсе, ки нангу номус  дорад, худро соҳиби Ватан  ва фарзанди миллат мешуморад, ба  сохтани иморате, бунёди корхона ё  кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинонидани дарахте аз  худ боқӣ  мегузорад»

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Устоди ширинсухан Шайх Саъдӣ маънии одамиятро дар ғазали  машҳури худ хеле  соддаву равон  шарҳ додаанд ва гумон мекунам ин ҷо ба маврид аст, пораи онро бори дигар ёдовар шавам:

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Агар  одамӣ ба ҷон асту даҳону гӯшу бинӣ,

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.

Инсон, ки тавлид ёфт ба ӯ пеш аз ҳама ном мегузоранд. Ному насаби хуб ҳам ба ояндаи шахс  бетаъсир намемонад. Номи хубро ҳусни  инсон мегӯянд. Дар китоби як хирадманде хондам, ки бисёр вақт номи шахс ба хулқу атрови ӯ мувофиқ меафтад.

Якбора чанд  сифати нек пеш аз дил гузашт. «Одами хуб», «инсони комил»,  «накухоҳу ба кас  роҳатрасон» аст.

Ин сифатҳо хоси  Қурбоналӣ Юсупов, инсони  нексиришт, шахси хоксору рўзгордида иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияамон мебошанд.

Шахси  хоксору уҳдабаро, меҳнатдӯст, худодод баробари ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ноҳия таин шудаашон аз пайи ободонии ноҳия камари ҳимматро маҳкам бастанд. Супориш доданд, ки мисли дигар  дар кӯчаю роҳравҳо гул шинонда, гулзорҳоро хуб нигоҳубин намоянд.

Айни ҳол дар маркази ноҳияи Ҷамоатҳои  шаҳраки Вахш ва Рӯдакӣ чароғакҳои рахнишон васл гардида, мушкилоту ронандагону пиёдагард, ки солҳо боз вуҷуд дошт бартараф шуд. Аз даромамадгоҳи ноҳия аз ду канори роҳ чароғҳо фурӯзонанд, ки ба ҳусни ноҳияамон ҳусни дигаре зам месозанд.

Бояд бори дигар  қайд намоям, ки ҳамаи ин муваффақиятҳои бо ташаббус ва дастгирии раиси нав, шахси оқилу доно Қурбоналӣ Юсупов ба вуҷуд омад. Аз номи аҳли маориф ноҳия мактаббачагони ноҳия ва падару модарон барои чунин ғамхории падаронаашон ба раис офарин гуфта, ба ӯ умри дароз ва дар корҳои ояндаашон комёбиҳои нав ба навро  орзу мекунам.

Гулбаҳор Хоҷаёрова,

иҷрокунадаи вазифаи

мудири шуъбаи маорифи

мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *