Панҷшанбе, 19/12/2019-14:29
Худованди бузург дар Қуръони карим сураи «Оли Имрон», ояти 200 мефармояд: «Эй муъминон, сабр кунед, дар сабр устувор бошед ва омода бошед (Ватанро сахт посбон бошед) ва аз Худованд битарсед, шояд шуморо Худованд наҷот диҳад».
Бинобар ин ояти зикргардида, ҳифзу ҳимояи Ватан дар ислом ҷойгоҳи хос ва таъкиди сахт бандагонаш мекунад. Тамоми уламо иттифоқанд, ҳифзу марзи ватан воҷиб мебошад ва ҳар фарде ё нафаре аз ҳимояи марзу бум саркашӣ ё фирор мекунад, рӯзи охират (қиёмат) дар пешгоҳи Худованд муҷрим ва гунаҳкор мебошад.
Дар ҳадиси пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: Фариштагон се овозро аз замин ба осмон мебаранд, аз ҷиҳати бузургӣ ва соҳиби мартаба будан:
- Овози қалами нависандагон;
- Овози қадами марзбон;
- Овози чархресии занон.
Дар ҷойи дигар пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) «Ҳуббул-ватани-минал-имон». Яъне дӯст доштани ватан ин нишони имондорист.
Дар Ҷумҳури Тоҷикистон 99 фоизашон мусулмон мебошад, нисбати марзу бум ва сарҳад хело таваҷҷӯҳи бузург доранд. Вақтҳои охир мутаассифона бо дахолати душманони миллат ва баъзе давлатҳои манфиатҷӯ рахна ё задухурди шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ба амал меояд, ки боиси таассуфи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони кишвар гаштааст. Ин гунна кирдорҳои ноодилонаи сокинони Қирғизистон моро бетараф гузошта наметавонад. Агар ба таърих назар андозем Иттиҳоди Шӯравӣ дар тақсимоти замин нисбати мардуми тоҷик ноодилона тақсимот кардаанд. Баъзе аз шаҳрҳои қадимии тоҷик ва баъзе аз заминҳо ғасб гардида, ба ҳамаи ин нигоҳ нокарда, баъзе аз давлатҳои манфиатҷӯ ва аҷнабиён худхоҳ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ягонагӣ, пешрафти тараққиёти хоҷагии халқамонро чашми дидан надоранд. Онҳо бо ҳар роҳу восита чун ақраб неш мезананд. Осоиши мардуми азияткашидаро намехоҳанд, чунки ҳар як ҷашну иде, ки бо хушнуди истиқбол мегирем, рӯзи мотами душманони миллати тоҷик аст. Нооромии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон оромии аҳли ҷомеа мебошад. Мо-мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси онро чун гавҳараки чашм дӯст медорему ҳифзаш менамоем.
Муноқишаи дирӯзае, ки тавассути ВАО огоҳ гаштем, моро бетараф гузошта наметавонад. Мо хостори сулҳу ваҳдатем. Дигар намехоҳем, ки хуни ноҳақ резад. Мардуми осоишта аҳолона ба сар баранд. Осоиши мардум хушбахтии мост. Зеро мо-аҳли ҷомеа бе мардум ҳеҷем…
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Ҳикматулло Сиҷоатов,
сархатиби масҷиди ҷомеаи ноҳияи Вахш