Душанбе, 16/12/2019-13:37
Дар деҳаи “Чорбоғ”-и Ҷамоати деҳоти “20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроия бо сокинон дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ» доир гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин дар бораи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки имрӯзҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст, сухан гуфта, таъкид доштанд, ки агар ҷомеа солим бошад давлат устувору пойбарҷо мемонад. Аз ин хотир мо шаҳрвандон баҳри ҳифзи сиҳатии омма талош варзем ва қоидаҳои санитарию гигиениро роия кунем.