Қ. НАЗАРОВ: ТОҶИКИСТОН БОЯД БА СУДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУРОҶИАТ КУНАД

Мақолаи таҳлилии сиёсатшинос, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон Назар Муъминро, ки 29-уми ноябри соли ҷорӣ, зери сарлавҳаи «Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат намояд» дар сомонаи интернетии Centrasia.org  нашр шуд, вокуниши зиёде барангехт. Муаллиф дар бораи тазоҳуроти мардумӣ, боздошт ва куштори иштирокчиёни он дар қаламрави ҶИЭ, инчунин даъвоҳои мақомоти Эрон аз ИМА ва таҳдиди онҳо оиди муроҷиат ба Суди байналмиллалӣ навишта, дар ин ҳошия аз ҷинояткориҳои ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» ёдрас мегардад. Н.Муъмин бар он аст, ки тамоми ин ҷиноятҳо бо дастгирии бевоситаи хадамоти махсуси ҶИЭ тарҳрезию амалӣ гардиданд, вале мақомоти Тоҷикистон ҳамаи инро таҳаммул кардаву хомӯширо авлотар донистанд. Ҳол он ки онҳо бояд кайҳо ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат мекарданд. Аз миёни маводи зиёде, ки ба редаксия ворид гардидаанд, мо навиштаи полковники мустаъфии ВКД ҶТ Назаров Қурбоналиро барои нашр интихоб кардем ва пешкаши хонандагон мегардонем.

Дар бойгониҳои Суди Олии ҶТ садҳо ҷилд парвандаҳои ҷиноятии амалишуда маҳфузанд, ки гуноҳи ТТЭ ҲНИ ва дастдории хадамоти махсуси Эронро дар содир кардани онҳо пурра исбот кардаанд. Даҳҳо актҳои террористӣ ба муқобили хизматчиёни ҳарбӣ, намояндагони аҳли зиё, пайравони динҳои дигар, кормандони мақомоти давлатӣ, ходимони ҷамъиятӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва сокинони маҳаллӣ аз ҷониби ин хадамот тарҳрезӣ шуда, тавассути террористони наҳзатӣ амалӣ гардиданд. Маҳз ҳамин далелҳои раднопазир буданд, ки 29 сентябри соли 2015 бо Қарори Суди Олии Тоҷикистон ҲНИ ташкилоти террористӣ эълон гардида, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Ҳамон вақт мақомоти марбутаи Тоҷикистон бояд бидуни истиҳола, назокати муносибати бародарӣ ва дипломатиро бо ҶИЭ канор гузошта, ба суди байналмилалӣ муроҷиат мекарданд. Он гоҳ, шояд имрӯз аз дастгирии ТТЭ ҲНИ ба пуррагӣ даст мекашиданд ва баҳри бегуноҳ нишон додани ин ташкилоти террористӣ пофишориҳо намекарданд. Илова бар ин, тахайюли барқарор сохтани эъмори ҷомеаи исломиро дар Тоҷикистони дунявӣ аз шуурҳояшон пок мекарданд.

 Ман сиёсатмадор нестам. Намехоҳам дар бораи тарафҳои сиёсии масъалаҳои баҳсӣ гап занам. Вале ҳамчун шахси аз тамоми ҷузъиёти ҳодисаю воқеаҳои он замон бохабар, шахсе, ки он солҳои пурдаҳшат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доштааст ва шоҳиди ҳамаи ин ходисаҳо мебошад, метавонам даҳҳо факту далелҳоеро манзур намоям, ки дар бойгониам дорам ва ҳангоми иҷро намудани вазифаҳои касбӣ, таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятии бо амалҳои террористӣ вобаста бароям маълум шудаанд. Ҳозирам, ки дар баробари чунин шахсияти ҷасуру нотарс – Муъмин Назар ҳамчун шоҳид дар Суди байналмилалӣ иштирок кунам.

Ҳама медонанд, ки баъди аз байн рафтани давлати бузурги Шӯравӣ, кишварҳои абарқудрат ба тақсимоти нави ҷаҳон ва зери таъсир гирифтани давлатҳои хурдтар шурӯъ карданд. Дар ин давра, зиёиёни мо масъалаҳои худшиносии миллӣ ва баландбардории мақоми забони тоҷикиро ба майдонҳои баҳсу мунозира табдил дода буданд.  Ин лаҳза барои Ҷумҳурии Исломии Эрон,  ки ҷаҳду талош дорад то худро ҳамчун қудрати минтақавӣ нишон диҳад, хеле мусоид омад ва бо истифода аз шиорҳои «ҳамзабонию ҳамдилӣ» вориди Ватани мо гашт. Аз як тараф алоҳида намояндагони қишри зиёӣ ба Эрон бурда мешуданду аз тарафи дигар рӯҳониҳо, хусусан роҳбарони ҳизби навтаъсиси наҳзати исломӣ зери таъсири идеологияи бо ном «инқилоби исломӣ» гирифта мешуданд. Дар ҳамон майдонҳое, ки буданд, оҳиста-оҳиста масъалаи забону фарҳанг фаромӯш шуду ҷояшро  сухан аз дину имон дар алоқамандӣ бо сохти давлатдории исломӣ гирифт. Майдонҳоро ришу ҷелак зер кард. Эшони Қиёмиддину мулло Абдуғаффор баринҳо шиорҳои эронӣ сар медоданду ҷавонони раҳгум аз пушташон қадам мезаданд. Сипас, майдонтақсимшавиҳо буду ҷангу бародаркушӣ ва ғайра. Ҳамаи ин дар пеши чашми мардум мегузашт.

Баъди ҳодисаҳои маълуми онрӯза сарварони ҲНИ ва аҳли авлоди онҳо ҳама дар шаҳри Теҳрон паноҳгоҳ ёфтанд. Ягон намояндаи калидии ин ташкилот дар кӯча намонд. Азобу уқубат дар сари онҳое буд, ки гуреза шуданд ва бо аҳлу аёлашон даруни хаймаю чоҳҳои  сарди хокию лойолуд дар  ҳудуди Афғонистон зиндагӣ мекарданд.

Тавре аснои таҳқиқи парвандаҳо ва пурсиши ҷинояткорон шахсан ба ману ҳамкоронам маълум гашт, ки маҳз дар ҳамин давра бори дигар дар байни ҷавонону гурезаҳои камсаводу сустирода роҳбарону таблиғгарони ҲНИ ба тарғиботи идеологияи ифротӣ пардохта, қисмате аз онҳоро барои таҳсил ба ҳар гуна таълимгоҳҳои шубҳанок, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бурданд.

Ҳамзамон, дар ҳамон рӯзҳо гурӯҳи дигар зери роҳбарии корманди Сафорати ҶИЭ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Алӣ Ризо Чеҳраолам (соли таваллудаш 1961, зодаи шаҳри Шерози ҶИЭ) дар худи Тоҷикистон  алоҳида ҷавонони тоҷикро интихоб, ҷалб ва бо баҳонаи таҳсил ба қаламрави Эрон интиқол медод.  

Он чизе ин ҷо ман менависам, аз касе нашунидаам. Худам шахсан дар таҳқиқи ин ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, аз оғоз то анҷом ширкат кардаам. Чӣ хеле ки мегӯянд, шоҳиди зинда ҳастам. Инҳо  ҳақиқате ҳастанд, ки хангоми коркарду таҳқиқи парвандаҳои бо амалҳои террористӣ алоқаманд бароям маълум шудааст. Чуноне, ки зимни ошкор намудан ва бозпурсии ашхоси дар кушторҳои рӯзноманигори маъруф Муҳиддин Олимпур ва Отахон Латифӣ, ҳуқуқшиноси шинохта Сафаралӣ Кенҷаев, Раиси  ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷаббор Расулов)-и вилояти Суғд Бегиҷонов С., хабарнигори ОРТ В. Никулин, журналистон Хушбахт Ҳайдаршо, Давлаталӣ Раҳмоналӣ, хизматчиёни ҳарбии Россия, роҳбари равияи динии «Баҳовия» Абдуллои Муқаррабӣ (зодаи Эрону шаҳрванди Британияи Кабир), таркиши маркази масеҳии «Сонмин» даст дошта, инчунин нишондодҳои дастгиршудагон бароямон маълум шуд, ҳамаи аъзоёни ин гурӯҳҳои террористӣ дар шаҳрҳои Қум, Машҳад, Ардабил, Караҷ ва остони Мозандарони ҶИЭ омодагии ҳарбию ҷангиро гирифтаанд.

Ҷангиёни наҳзатиро дар се давра (солҳои 1993 – 1994, 1994 – 1996, 1996 – 1998, дар ҳар даврае аз 80 то 100 нафарӣ) ҳамчун таблиғотчӣ (пропагандист), муайянкунанда (установщик), назораткунанда (наблюдатель), таҳиякунандаи воситаҳои тарканда ва нобудкунанда (киллер) омода намудаанд. Таваҷҷуҳи хоса ба тайёр кардани ҷалбкунандагон (вербовшикҳо) равона мешуд. Онҳоро бо овози нарм, сухану гуфтори мулоим таҳти шиорҳои исломӣ, бо ҳазор зиракиву айёрӣ интихоб мекарданд ва меомӯзониданд, ки чӣ тавр як мусулмони раҳгумзадаро ба доми худ афтонанд. Қабл аз бурдан ба марказҳои террористӣ, ба ҳар як нафар лақаб ва асноди қалбакӣ дода мешуд, то нисбати шахсияти якдигар маълумот надошта бошанд. Баъдан онҳоро ба ҳалқаҳо ҷудо намуда, як нафарро сардори он таъйин мекарданд ва тавассути ӯ ҳалқа идора мешуду дастуру супориш мегирифт. Баъди гузаштани давраи омодагии ҷангӣ-диверсионӣ барои иҷро намудани амалиёти тарҳрезишуда ба Тоҷикистон фиристода мешуданд. Вобаста аз масири ҳаракат, аз 800 то 2000 доллари ИМА роҳпулӣ мегирифтанд.

Ҳангоми таҳқиқу коркарди парвандаҳо далели дигаре низ бароямон ошкор шуд. Аксари аъзоёни ҳалқаҳо, баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва таъсиси баталёни 25-ум дар сохтори Вазорати мудофиаи ҶТ, ки командири он Абдуҳалим Назарзода таъйин шуда буд, ба сафи хизматчиёни ҳарбӣ ворид карда шуданд. Тибқи баёноти боздоштшудагон Холиқов Х., Миров Т., Зоиров А. ва ғайра як қисми онҳо бо даъвати бевоситаи А. Назарзода аз Федератсия Россия ба Тоҷикистон баргаштанд ва ба ин воҳиди низомӣ дохил карда шуданд.
Миёни онҳо шояд чанд нафаре ҳам бошанд, ки  то имрӯз аз ҷавобгарӣ гурехтаанд, лекин ҳеҷ ҷиноят пинҳон намемонад. Чи хеле ки омилони куштори Сафаралӣ Кенҷаев ва хизматчиёни ҳарбии Россия чандин сол баъд ошкору дастгир карда шуданд. Аз гурӯҳи ҷиноятии зикргардида, мо беш аз 100 нафарашонро барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин боздошт карда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидем. 21 нафарашон бо ҷурми хиёнат ба Ватан ба муддати ҳадди аксар аз озодӣ маҳрум карда шуданд.  Тавре таъкид кардам, ҳангоми таҳқиқи ҳар як парванда маълумоти наверо дар вобастагӣ бо ин гурӯҳҳои диверсионӣ-террористӣ дастрас мекардем, ки мисли занҷираи пайвастаи ҳам буданд. Бо ҳамин восита мо чандин панҷгона, аз ҷумла ҳалқаҳо зери роҳбарии Назиров А.Ҳ. – лақабаш «Шокир», Атовуллоев М.Р. – «Нусрат», Олимов М.С. – «Муҳсин», Тошев Н.М. – «Саҷҷод», Норкалаев М.Н. – «Хуршед», Ниёзбоқиев Ё. – «Алиакбар», Рустамов Н.А. – «Муртазо», Толибов З.Х. – «Фирӯз», Манонов Ш.Ш. – «Асадулло», Комилов Ф.И. – «Фаттоҳ» ва ғайраро муайяну дастгир кардем.

Маълум аст, ақлу фаросати террористон, ки сад дар сад аз ҷавонони тоҷик интихоб мешуданд, барои интихоби ҳадафи террор намерасид. Ном, насаб, нишона, масири ҳаракат, рақами мошин, аломатҳои фарқкунандаи ононро Алӣ Ризо Чеҳраолам ва ҳамкорони ӯ медоданд. Ҳадафро ба «кофирӣ» ва «зидди ислом» будан туҳмат мекарданд. Қотилро ба амали террористӣ рӯҳан омода месохтанд. Албатта, ҳар куштор нарх ҳам дошт. Террорист ҳатто намедонист, ки ин шахсият барои Ватан, миллат чӣхизмате кардааст.
Тибқи шоҳидии номбаршудагон, корманди Сафорати Эрон Алӣ Ризо Чеҳраолам дертар ба Абдуҳалим Назарзода як дастгоҳи алоқаро додааст ва аксар вақт онҳо ба воситаи он тамос мегирифтанд.Ҳамчунин, аз рӯи нишондодҳои Манонов Ш., Олимов М., Рустамов Н. ва Атовуллоев М., худи Назарзода ва сардорони ҳалқаҳо мунтазам дар утоқҳои махсуси Ройзании фарҳангии ҶИЭ дар ҶТ ва хонаҳои иҷора, ки ҳамчун мулоқотгоҳи махфӣ аз ҷониби Алӣ Ризо Чеҳраолам, ҳамкоронаш Аббос Каримӣ (соли таваллудаш 1969, зодаи шаҳри Теҳрон) ва Озимӣ истифода мешуданд, бо онҳо вохӯрӣ мегузарониданд ва дастуру супоришҳои мушаххасро, аз ҷумла дар хусуси аз байн бурдани шахсони зарурӣ, ба онҳо медоданд. Аз овардани суроғаи ин хонаҳо худдорӣ мекунам, зеро дар ҳолати имрӯза дар онҳо шахсоне зиндагӣ мекунанд, ки бо ин ҳодисаҳо аслан иртиботе надоранд.

Тибқи маводи яке аз парвандаҳои ҷиноятӣ,  роҳбарону фаъолони ҲНИ бо мақсади мусоидат ба фаъолияти душманонаи хадамоти махсуси ҶИЭ ва паст намудани нуфузи сиёсии давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷиҳати ноором сохтани вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барангехтани низои миллӣ ва ба фирор маҷбур кардани намояндагони дигар миллатҳо, аз ҷумла русзабонҳо, ҳамзамон барои ба қатл расонидани хизматчиёни ҳарбии миллаташон рус, иқдом намуданд. Аз ҷумла:

Дар рафти таҳқиқи ҷиноятҳои болоӣ, инчунин бозрасии парвандаҳои куштори хабарнигорони ватанпарасту миллатдӯст Хушбахт Ҳайдаршо, Муҳиддин Олимпур, хабарнигори ТВ «ОРТ» В. Никулин ва дигарон роҳу равишҳои амалӣ кардани актҳои террористӣ то андозае бароямон маълум шуд. Тавре дигар ҳамкоронамон дар рафти ошкоркунӣ, баррасию таҳқиқи ҷиноятҳо вобаста ба амалҳои террористӣ нисбат ба шахсиятҳои муътабаре мисли Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Карим Юлдошев, Сайф Раҳими Афардӣ ва дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷик маълумот гирифтанд, равиши содир намудани ҷиноятҳо шабеҳи якдигар аст ва собит мекунад, ки қотилон аксаран дастпарварони таълимгоҳҳои дар боло  зикргардидаи ҶИЭ-анд.Кушторҳои полковники ВМ ФР Шкипкин Ю.В. дар таърихи 1-уми июни соли 1994 дар кӯчаи Ғафуров, хонаи 6/1,  хизматчиёни ҳарбӣ Христофоров С.Е., Захаров А., Кленова Ф. ва Анишук дар таърихи 2-юми июни соли 1994 дар кӯчаи Маяковский, хонаи 2, ҳуҷраи 32 аз ҷониби Қузратов Саймуҳриддин («Зайналобиддин») ва се нафар ҳамдастони ӯ иҷро гардида буданд. 5-уми августи соли 1994 аз ҷониби ҳамин гурӯҳ дар анбори сӯзишвории қисми ҳарбии 2445-и қушунҳои сарҳадии ФР таркиш ба амал оварда шуд. Натиҷаи ташхиси баллистикии гилзаҳои дар ҷои ҳодисаҳои мазкур гирифташуда нишон дод, ки ин ҷиноятҳо, ҳамчунин кушторҳои Директори телевизиони ҶТ Давлаталӣ Раҳмоналӣ дар таърихи 18-уми июли соли 1994 ва хизматчии ҳарбии ВМ ҶТ М. Назаров (2-юми феврали соли 1995) аз як силоҳ иҷро шудаанд. Боздоштшудагон аз Абдуҳалим Назарзода ҳамчун ташкилкунандаи ин кушторҳо ва аз Алӣ Ризо Чеҳраоламӣ чун супоришдиҳанда ном бурданд.27-уми октябри соли 1994 дар ҳудуди техникуми Осиёи Миёна дар шаҳри Чкаловск (ҳозира Бӯстон), бо истифода аз силоҳи оташфишон, хизматчиёни ҳарбии қисми низомии №28095-и ВМ ҶТ капитан Бобохонов И.С. ва лейтенанти калон Садриддинов А.А. аз ҷониби гурӯҳи Ниёзбоқиев  Ёқуб (лақабаш «Алиакбар») ба қатл расонида шуданд. Ба гурӯҳи номбурда Тошев Наим («Саҷҷод»), Шарипов Саид («Саттор»), Файзиев Ғайбулло («Рауф»), Комилов Ҷамил («Саид») шомил буданд. Аз ҷониби ҳамин гурӯҳ 10-уми майи соли 1995, дар даромадгоҳи ҳуҷраи 33, хонаи 25-и маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд шаҳрвандон Исоев Казбек Максимович ва ҳамсараш Давлатова Н. кушта шуда буданд. Куштори хизматчии ҳарбии Федератсияи Россия Пивнов А.М., ҳамсараш Архипова ва шаҳрванд Сергиенко 17-уми майи соли 1995 дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 18, хонаи 18, ҳуҷраи 3 (баъд аз паррондан сарашонро аз тан ҷудо карда болои миз гузошта буданд) кори дасти ҳамин гурӯҳ буд. Инчунин, худи ҳамон шаб, аъзоёни гурӯҳи дар боло зикргардида ба хонаи  афсари Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд Исаев К.А. (русзабон), воқеъ дар ш. Хуҷанд, маҳаллаи 13, бинои 25, хонаи 33 ворид шуда, ӯ ва ҳамсараш Давлатова Н. (русзабон)-ро бо истифода аз таппончаи «Макаров», дар ҳузури фарзандони ноболиғашон Исаев Далери 9-сола ва Исаев Георгии 6-сола, бо бераҳмии махсус ба қатл расониданд. Аксари дастгиршудагон нисбат ба Ниёзбоқиев Ё. ҳамчун ташкилкунанда ва дар бораи Алӣ Ризо Чеҳраоламӣ ҳамчун супоришдиҳанда нишондод доданд.

Барои тасдиқи гуфтаҳоям чанд мисоли мушаххасе, бо зикри далелҳои раднашаванда аз парвандаҳои ҷиноятӣ манзури хонанда мегардонам:

Пираков Д.Ш. бо ҳамдастии Абдуллоев Абдуқодир Гурезович ва дигар аъзоёни гурӯҳ давоми моҳҳои сентябр-октябри соли 1996 масири ҳаракати автомашинаҳои хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2421-и Гурӯҳи Қӯшунҳои Сарҳадии ФР дар ҶТ-ро пайгирӣ ва омӯхтанд.Моҳҳои охири соли 1996, зергурӯҳи иттиҳоди ҷиноятии ҲНИ зери роҳбарии Пираков Диловар Шоҳович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, аз Назарзода Абдуҳалим супориш гирифт, ки нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия дар қаламрави ҷумҳурӣ амали террористӣ содир намояд.

22 ноябри соли 1996, тахминан соатҳои 17:50 дақиқа, қатори автомашинаҳо, иборат аз як адад автобуси тамғаи ПАЗ-672» (қайди давлатиаш 22-31 ХА) бо афсарони қисми низомии зикршуда ва  ду адад автомашинаи тамғаи «Зил 131», аз самти гардиши кӯчаи Маяковский ба тарафи кӯчаи Ломоносови шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд. Дар ин маврид, аъзоёни гурӯҳи мусаллаҳи ҲНИ ҷониби қатори автомашинаҳо норинҷак партофта, дар як вақт аз автомати Калашников ва гранатомёт тир парронданд. Дар натиҷа, ронандаи автобус Снежков В.П. ҳалок ва  хизматчии ҳарбӣ Мухамеджанов О.М. ҷароҳати вазнин бардошт.

Аввалҳои моҳи марти соли 1996 Юнусов Нозим Юсупович (лақаби ҷиноятиаш «Эшони Нозим») амри роҳбарияти ҲНИ-ро ба аъзоёни дастаи ҷиноятиаш Тоҳиров А.К., Ҳамидов М.М., Давлатов Н.Б. ва Шоев Х.Т. мерасонад. Муҳтавои амр он буд, ки  барои паст задани нуфузи давлати Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, бояд ҳарчӣ бештар шаҳрвандони хориҷӣ кушта шаванд. Ин боиси он мегардад, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии ноорому бесубот муаррифӣ шуда, аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ намеёбад.  

Бо ҳамин мақсад Юнусов Н.Ю. ва аъзои гурӯҳаш дар хусуси куштори мухбири махсуси телевизиони ҷамъиятии Россия (ОРТ) дар Тоҷикистон Никулин Виктор Михайлович машварат мекунанд. Дар давоми моҳи марти соли 1996 ҷои кор, реҷаи корӣ ва дигар ҳолатҳоро вобаста ба фаъолияти Никулин В.М. муайян карданд.

28 марти соли 1996 аъзоёни гурӯҳ бо автомашинаи тамғаи ВАЗ-2101, рақами қайди давлатиаш П 00-16 ДБ ба назди дафтари кории Никулин В.М., воқеъ дар кӯчаи И.Сомонӣ, хонаи 72/1 омада, дар дохили бинои хизматии телевизиони ҷамъиятии Россия дар шаҳри Душанбе, бо истифода аз таппончаи тамғаи «Макаров» Никулин В.М.-ро ба қатл расониданд. 

Он чӣ аз ҷониби банда қайд шуд, танҳо ва танҳо дар бораи ҷинояту ҳодисаҳое иброз гардид, ки худам дар таҳқиқу ошкор намудани онҳо иштирок доштам. Аз ҷониби дигар, ҳамаи ин дар парвандаҳои ҷиноятӣ бо далелҳои собитшуда, ҷадвалҳои вақт, замон, макон ва тарзу усули анҷом додани амалҳои террористӣ нишон дода шудааст. Хулосаҳои коршиносӣ, санҷишу ташхисоти баллистикӣ раднопазирии фактҳои исботшударо пурра таъмин намудаанд. Касе агар худро ба кариву кӯрӣ ва нофаҳмии мақсадноку ғаразнок занад, марҳамат, ҳоло ин парвандаҳо бо далелҳои мушаххас, дақиқ, аниқ, иштироки шахсони холиси тасдиқкунанда дар бойгонии судҳо ба пуррагӣ нигоҳ дошта мешаванд. Баръакс, оне ки худро ба гунгиву нодонӣ мезанад, далелҳоро зери шубҳа мегузорад, як далеле ҳам дар муқобил оварда наметавонад.Номбурдагон нақшаи кушторро тарҳрезӣ намуда, аз аввалҳои соли 1998 то моҳи марти соли 1999 ҷои зист, кор ва дигар ҷойҳои буду боши Кенҷаев С.-ро мавриди омӯзиш қарор дода, барои ба қатл расонидани ӯ фурсати муносибро ҷустуҷӯй мекарданд. Бо ҳамин мақсад, Пираков Д.Ш. аз Назарзода А. силоҳи оташфишони тамғаи «АК-47», силсилаи АП №3274 ва таппончаҳои тамғаи «Макаров»-ро гирифта, ғайриқонунӣ дар хонаи истиқоматиаш нигоҳ медошт.Аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятии ТТЭ ҲНИ Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, Ашрафов Тағоймурод Сироҷович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Нуробод, деҳаи Сичароғ, Кузов Мирзораҳим Каримович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров, бинои 6, хонаи 10, аввалҳои соли 1998 бо супориши Назарзода Абдуҳалим дар хонаи истиқоматии Пираков Диловар Шоҳович ҷамъ омаданд. Ба гурӯҳ супориши роҳбарони ҲНИ-ро дар бораи ба қатл расонидани вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кенҷаев С., расонид.деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, ҷиҳати боздошти дастаи террористии ҲНИ таҳти роҳбарии Муаккалов Мансур, муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд, ки дар натиҷа нобуд карда шуданд.   Моҳи июли соли 1996  бо супориши роҳбарияти наҳзат ва хадамоти махсуси ҶИЭ яке аз сарварони зергурӯҳи иттиҳоди ҷиноятии ТТЭ ҲНИ Нуралиев Элмурод Ҳоҷиевич (соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Шапкин, бинои 86, хонаи 15), бо аъзои гурӯҳаш Саидов Амрулло Раҳматуллоевич (соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Роҳатӣ),  дар назди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ вохӯрда, амали террористиро нисбат ба ходими намоёни ҷамъиятӣ, олими шинохта, Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд», академик Муҳаммадҷон Осимиро тарҳрезӣ карданд. 29 июли соли 1996, тахминан соати 08.40 дақиқа дар дохили долони мактаби миёнаи №7-и шаҳри Душанбе, гурӯҳи номбурда бо истифода аз таппончаи «Макаров» М.Осимиро ба қатл расониданд. Нуралиев Э.Ҳ. ва Саидов А.Р. ҳангоми гузаронидани амалиёти сохторҳои қудратии ҶТ дар ҳудуди ҷамоатиГурӯҳҳои мазкур аз ҷониби хадамоти махсуси Эрон ва роҳбарияти ҲНИ вазифадор шуда буданд, ки барои аз байн бурдани қудрати зеҳнии миллати тоҷик ва фароҳам сохтани заминаи густариши ақидаҳои ифротӣ амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. Аз ҷумла, муаллимон, кормандони мақомоти давлатӣ, олимон, шоирон, рӯзноманигорон, шахсиятҳои маъруф ва умуман зиёиёни тоҷикро, ки идеяҳои иртиҷоиро маҳкум намуда, аз нигоҳи ҷаҳонбинии илмӣ барои пешрафти ҷомеаи муосир талош меварзиданд, нобуд созанд.

Мақсаду ҳадафи ин кушторҳо як буд. Зарба задан ба қудрати интелектуалии миллат, тарсонидани аҳли зиё, бедор кардани ҳисси нобоварӣ, норозигӣ дар қалби сокинон ва ба ин васила заиф нишон додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар таъмини амнияти мардум. Ҳамзамон, ҷудоиандозӣ, ангехтани зиддият, низоъ байни маҳалҳо, минтақаҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон.Дар раванди таҳқиқи ҷиноят ошкор шуд, ки мувофиқи супориши Юнусов Н.Ю. аъзоёни дастаи ӯ Тоҳиров Аҳтам Кабирович, Ҳамидов Муртазо Муҳаммадиевич, Шарипов Насрулло Нарзуллоевич ва Давлатов Назрибек Бегназарович суроғаи макони зист ва ҷои кор, масиру самтҳои ҳаракати М. Олимпурро меомӯзанд. 12 декабри соли 1995, соатҳои 17-17:30 дақиқа М. Олимпур дар истгоҳи бозори «Баракат» интизори нақлиёт буд. Дар ҳамин вақт аъзоёни зикргардидаи гурӯҳ бо автомашинаи тамғаи ВАЗ-2101, рақами давлатиаш П 00-16 ДБ ҳамчун кироякаш М. Олимпурро аз истгоҳ гирифта, ҷониби бинои Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мераванд. Дар роҳ Шарипов Н.Н., ки дар паҳлӯи М.Олимпур менишаст, бо таппончаи тамғаи «Макаров» як тир ба рӯй ва як тири дигар ба қафаси синаи М. Олимпур мепарронад, ки дар натиҷа охирин ҳалок мегардад. Сипас, ҷасади рӯзноманигорро дар соҳили дарёи Душанбе партофта, ғайб мезананд. Моҳи декабри соли 1995, шаҳрванд Юнусов Нозим Юсупович (лақаби ҷиноятиаш «Эшони Нозим») аз роҳбарияти ҲНИ дастур мегирад, ки бояд мудири бахши форсии радиои Би-Би-Си дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзноманигор ва аккоси маъруф Муҳиддин Олимпурро ба қатл расонад. Дар он рӯзҳо куштани М.Олимпурро, ки дар расонаи хориҷӣ фаъолият дошт, бар дӯши мақомот бор кардан осон буд. Тарҳрезон ва иҷрокунандагони ин амалӣ террористӣ гумон надоштанд, ки мақомоти тафтишотӣ хеле зуд мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд. тамғаи  ВАЗ 3102, рақами қайди давлатиаш 109 РТ таҳти идораи ронанда Холов Абдурозиқ Холиқович ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров, бинои 32 омад. Баъди ворид шудани Кенҷаев С. ва муҳофизонаш ба даромадгоҳи якуми бино, гурӯҳи мусаллаҳи номбурда, ки қаблан дар ошёнаи 2-юм камин гирифта буданд, аз боло истода ба ҷониби Кенҷаев С. ва муҳофизонаш оташ кушоданд. Дар натиҷа Кенҷаев С., Комилов Ҷ.Е. ва Насриддинов С.Б. ҷароҳатҳои зиёд гирифта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.30 марти соли 1999, тахминан соати 17.30 дақиқа Кенҷаев С. бо ҳамроҳии муҳофизонаш Комилов Ҷӯрабек Ҳотамович ва Аслиддинов Саломиддин    Баҳриддинович тавассути   автомашинаи   хизматиаш,Пираков Ш.Д. ва аъзоёни гурӯҳи ӯ 6 майи соли 1996, дар назди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, бо истифода аз автомати тамғаи “АК-74” Исҳоқӣ Ю.Б., Ғуломов М.Ғ. ва ронандаи онҳо Худяков Викторро ба қатл расониданд.Аз рӯи нишондоди айбдоршаванда Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Норак, гурӯҳи дигари мусаллаҳи ҲНИ бо роҳбарии Пираков Диловар Шоҳович, соли таваллудаш 1969, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, барои ба амал баровардани куштори профессор Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович (ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино) ва профессори ҳамин донишгоҳ Fyломов Минҳоҷ Ғуломович, аз тарафи роҳбарияти ҲНИ ва намояндагони хадамоти махсуси ҶИЭ вазифадор шуданд.

Мутаассифона, баъди таҳқиқу кушода шудани ин амалҳои террористӣ, дар робита бо дастдории хадамоти махсуси Эрон бо ин ҷиноятҳо ягон сухан гуфта нашуд. Сабабаш тавре гуфтем, риояи одоби давлатдорӣ ва назокатҳои равобити дипломатӣ буд. Дар сатҳҳои гуногуни робитаҳои дуҷониба ба ҳамкорони эронӣ расонида мешуд, ки аз ҳама кору кирдорашон огоҳем. Вале тавре раванди воқеаҳои минбаъда, аз ҷумла ҳодисаҳои сентябри соли 2015 нишон дод, онҳо аз аз мақсадҳои худ даст накашидаанд. Ба замми ин, баъзе намояндагони доираҳои расмии ҶИЭ ба ҳимояи ҲНИ бархоста, террористӣ ва мамнуъ эълон шудани фаъолияти ин ташкилотро аз ҷониби Суди Олии ҶТ беасос хонданд. То ҳол таъкид мекунанд, ки «Ҷомхурийе Тоҷикестон нисбат бе ҷенояткор будани ҲНИТ йек далил ҳам надоре», ё «Алорағме иттиҳомоти ҷонибе тоҷикӣ несбати ҲНИТ, ғейр аз Тоҷикестон, йек кешвар ҳам ин созмонро терруристӣ эътироф накарде».

Ин дар ҳолест, ки давлатҳои шомили Созмони минтақавии зидди террористии СҲШ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҲНИ-ро террористӣ ва экстремисти эътироф карданд. Маълумот дар бораи ТТЭ ҲНИ, дар баробари «ДИИШ», «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва дигарҳо, таҳти №79 ба феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), бо 3,3 миллиард аҳолӣ, яъне фарогири қариб нисфи аҳолии сайёра (аз 7,6 миллиард) манъ аст, шомил карда шудааст. Ба андешаи банда, кишварҳои аъзои созмонҳои зикргардида низ бояд бетарафиро ихтиёр накарда, мавқеъгирии ҶИЭ-ро вобаста ба пуштибонии, ташкилотҳои террористӣ, бахусус ТТЭ ҲНИ, маҳкум намоянд. Илова бар ин, тамоми ҷомеаи кишвар барои ба шикоят бурдан Суди байналмиллалии СММ нисбат ба ҶИЭ, ки дар куштори даҳҳо шахсиятҳои маъруфи мардуми тоҷик даст дорад, садо баланд намоянд.

Зеро ҶИЭ имрӯз ҳам аз ниятҳои худ пас гаштанӣ нест. Боиси ҳазор афсӯс аст, ки ташкилот ва ашхоси дар амалҳои террористии зикргардида дастдошта, мисли пештара дар канораш боқӣ мондаанд. Тариқи расонаҳои иттилоотӣ бароям маълум шуд, ки чун кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби ТТЭ ҲНИ дар моҳи сентябри соли 2015 ягон натиҷа надод, хадамоти махсуси ҶИЭ ба таҷрибаи собиқи худ рӯ оварданд. Омодагии ҷангӣ гирифтани аъзои ТТЭ ҲНИ дар таълимгоҳҳои ин кишвар идома дорад. Ҷузъиёти онро собиқ таъсисдиҳандагони ҲНИ Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Сатторов Айёмиддин дар филмҳои мустанади «Решаҳои ноаён» ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам» бо далелҳои кофӣ иброз доштанд, ки ҳоҷати такрор нест.

Яъне кирдорҳоеро, ки чандин дафъа дар муқобили миллати тоҷик раво диданд, мехоҳанд такрор созанд. Гарчанде огоҳанд, ки мо аз ҳама амалкардҳояшон бохабарем. Ҳайрати ман дар он аст, ки ин ҳама бадӣ  дар муқобили Тоҷикистону миллати тоҷик ба хотири чист?

Полковники мустаъфии ВКД ҶТ

Назаров Қурбоналӣ

Аз нашрия:

Полковники мустаъфии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Қурбоналӣ, дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1971 то соли 2006  хизмат кардааст. Соли 1974 омӯзишгоҳи техникӣ-зиддисӯхтории ВКД ИҶШС-ро дар шаҳри Свердловск ва соли 1987 Мактаби олии ВКД ИҶШС-ро дар шаҳри Тошканд, бо ихтисоси ҳуқуқшинос, бо дипломи дараҷаи аъло хатм намудааст. Аз вазифаи корманди фаврӣ то сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Хизматҳои содиқонаи ӯ ба Ватану миллати худ, бо зиёда аз 10 ордену медали давлатӣ қадрдонӣ шудаанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Фараж», №49 (679) аз 04.12.2019

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *