Якшанбе, 25/11/2019 – 19:25
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо роҳпаймоии идона таҷлил гардид.
Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, донишҷӯёни коллеҷи хусусӣ, литсейи касбӣ-техникӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо шиору навиштаҷотҳо дар васфи Парчам ширкат варзиданд.
Сипас, дар Қасри фарҳанги ноҳия бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ оғоз гардида, Қурбоналӣ Юсупов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш бо сухани табрикии ҳозиринро ба ин рӯзи муқаддас таҳният гуфта, аз ҷумла қайд кард: –Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувории мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон бо тобиши се ранг; ранги сурх озодиву истиқлол, ранги сафед сулҳу оромӣ, ранги сабз ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти ватани маҳбубамон шаҳри Душанбе ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо баландии 165 метр сохта шуд, ки дар китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун баландтарин манораи Парчами давлатӣ дар ҷаҳон ворид карда шуд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ ва дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мебошад.
Бинобар ин ба ин дастоварди миллӣ бояд ҳамеша эҳтиром гузорем, онро муқаддас донему бо арҷгузорӣ ба он ваҳдати милливу якпорчагии кишвари азизамонро таҳким бахшем, ҳифзи нигаҳдошти парчамро рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи ватандорӣ донему ба халалдор шуданаш ҳаргиз роҳ надиҳем.
Фатҳулло Ҳурматзода, раиси кумитаи заминсозии вилояти Хатлон ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфта, дар вусъати корҳои ободонию созандагии сокинони ноҳия барору муваффақият таманно кард.
Кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо дастагули суруду таронаҳои дилнишин дар васфи Парчами давлатӣ, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Ватан-модар хотири аҳли нишастро болида гардониданд.