С У Х А Н И ТАБРИКИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАХШ ҚУРБОНАЛӢ ЮСУПОВ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 24 НОЯБРИ СОЛИ 2019

Якшанбе, 2411/2019- 08:35

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои  хотирмон бо ифтихори баланди ватандорӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти орому осуда ва суботи сиёсӣ дар ватани маҳбубамон мардуми сарбаланди кишварамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳамчун баёнгари соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад, бо тантана таҷлил намуда истодаанд.

 Дар ҳаёти ҳар як давлату миллат Парчам нақши хоси худро дошта, мардумро баҳри ҳаёти осоишта, сулҳу субот,  зиндагии арзанда ва соҳибдавлатӣ ҳидоят менамояд.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ ва  навиштаҷот ки то замони мо расидаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ ва нангу номус будааст.

Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард ва аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешуд.

Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт, ки имрӯзҳо аз оғози ин гардиши таърихиву тақдирсоз бисту њашт сол гузашт. Хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби  парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Моҳи ноябри соли 1992  дар Иҷлосияи тақдирсози таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон муайян шуда, ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд.

Дар ин Иҷлосия бо пешниҳод ва ҷонибдории вакилони мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи  раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон Парчам қабул карда шуд, ки имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу  истиқлол, иттиҳоду  сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду  фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои  рангҳои худ инъикос  намудааст.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун  нишонаи азму иродаи устувории мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон бо тобиши се ранг; ранги сурх озодиву истиқлол, ранги сафед сулҳу оромӣ, ранги сабз ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти  ватани  маҳбубамон шаҳри Душанбе ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо баландии  165 метр сохта шуд, ки дар китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун баландтарин манораи Парчами давлатӣ дар ҷаҳон ворид карда шуд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти  кишварамон бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ  ба амал омада, робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд. 

Имрӯз давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид буда, Парчами миллии мо дар қатори парчами кишварҳои дигар дар пештоқи созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ қомат афрохтааст, ки ин мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Имрӯзҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи варзишгарони  номдори кишварамон дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ таҳти Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта мешавад.

Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ ва дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ  мебошад.

Ин аст, ки бо нишонаи эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ва гиромидошти  он ҳамчун рамзи давлатӣ бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.    

Бинобар  ин ба ин дастоварди миллӣ бояд ҳамеша эҳтиром гузорем, онро муқаддас донему бо арҷгузорӣ ба он ваҳдати милливу якпорчагии кишвари азизамонро таҳким бахшем, ҳифзи нигаҳдошти парчамро рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи ватандорӣ донему ба халалдор шуданаш ҳаргиз роҳ надиҳем.

Бо ҳамин ниятҳои нек Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, ба  хонадони  мардуми кишвар ва ноҳия хуррамиву осоиши рӯзгор, бахту саодат ва сарфарозиро орзу намуда, таманнои онро менамоем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи ватани азизамон  зери  сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доимо парафшонӣ намояд.            

  Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *