Ҷумъа, 22/11/2019, 10:59
Ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ аз давраи заволи Иттиҳоди Шӯравӣ барои ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаанд. Вале ҳамаи кӯшишҳои анҷомдодаи онҳо аз ибтидо хислати вайронкорӣ дошта, амали авбошонаро инъикос менамуд.
ТТЭ ҲНИ ҳанӯз аз давраи пинҳонӣ фаъолият намуданаш ба мақсади ба дили мардум роҳ ёфтан роҳи эъмори давлати Исломиро пеш гирифта буданд. Чунки 98 фоизи мардуми шарифи Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳанд ва эътиқоди мардуми тоҷик нисбат ба ин дин ва фарҳанги исломӣ хеле зиёд буд.
Вале дар ин раванд мо бояд бидонем, ки дар даврони мавҷудияти ИҶШС ҷонибдорони мафкураҳои сотсиализм ва демократия пайваста дар талоши васеъ намудани ҳудуд ва имкониятҳои худ буданд. Бадеист, ки ҷонибдорони мафкураи исломӣ низ аз ҷумлаи онҳо буданд.
Вале ҳаминро бояд донист, ки як қатор афроди солимфикри мусалмон аз ибтидо кори ТТЭ ҲНИ-ро дар тарозуи ақл баркашида, аз ҷонибдорӣ нисбат ба он даст кашиданд. Савол ба миён меояд, ки агар ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ тарафдори ташкили давлати исломӣ дар Тоҷикистон буданд, чаро ин роҳро тавассути ҳамовозӣ бо роҳи маслиҳатомез ҳал накарданд. Корро то ба ҷое расониданд, ки яроқ ҷои мафкура ва ҳукмро гирифт. Ин аз аввалин амалҳои рӯирости ҷинояткоронаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон буд, ки пешрафт ва тараққиёти давлати моро садсолаҳо ба қафо партофт. Шиддати ин вайронкориҳои ҳизби мамнуъшудаи болозикр то соли ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни 1997 идома ёфт.
Дар равиши он рӯзҳои вазнини зиндагӣ ақли солим ғалаба карду оташи ҷанг хомӯш гашт. Инак 22 сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои сулҳу ваҳдат ҳаёт ба сар бурда, ба пешравиҳо ноил гашта истодаанд.
Имрӯз Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ гашта, бо пешниҳодҳои аҳамияти глобалидоштааш обрӯ ва нуфузаш дар сатҳи байналмилалӣ баланд гардид. Ҳамчунин аз соли 2018 ба кишвари сайёҳӣ табдил ёфтани Тоҷикистон обрӯ ва эътибори давлати моро дубора афзун намуд.
Ҷонибдорони мухолиф аз ҷумла аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки айни ҳол дар хориҷ аз Ватан фаъолият доранд, шоҳиди ин пешравиҳо гардида, ғурури зиддимиллиашон дубора афзун гашта, аз пайи анҷоми кирдорҳои бад дар сарзамини Тоҷикистон шудаанд.
То дар дили мардум кинаву қудратро барангезанд. Вале мардум медонанд, ки онҳо кистанд ва пуштибони онҳо чӣ касест.
Амалҳои номатлуби генерали хиёнатпеша Ҳалим Назаров, куштори сайёҳони хориҷӣ, ҳаракати ҷиноии дар Варшава ба сӯи намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамлаи мусаллаҳона ба хизматичиёни ҳарбӣ, муноқишаҳои сарҳадӣ, аз ҷумлаи амалҳои зишти ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ буданд, ки обрӯи онҳоро дубора дар Тоҷикистон паст намуд.
Кор ба ҷое расид, ки амали худ обрӯи хешро ба хок яксон намуд. Дигар натанҳо дар Ватани худ балки дар хориҷ ҳам, барои чунин афрод эътиборе намонд.
Аз ин рӯ, мо-мардуми сарбаланди тоҷикро зарур аст, ки дар пешбурди зиндагии оромонаи худ саҳм дошта, ба фиребу найрангҳои вайронкорони кишвар, ки дар паси он манфиатдорони хориҷӣ меистанд, фирефта нашавем.
Дар роҳи таъмини давлати соҳибистиқлол ва орому осоишта даст ба дасти ҳамдигар дода, ба нияти нек ба ояндаи худ бингарем.
Ҳайати эҷодии Рӯзномаи «Вахш»