Шанбе 9/11/2019 18:54
Даврони истиқлолият барои мо имконияти воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллатамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Мавриди зикр аст, ки баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар маҳз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мероси ғании аҷдодону ниёгони хеш, аз он ҷумла анъанаҳои асили динӣ ноил гардид.
Дар яке аз суханрониҳои хеш Сарвари давлат иброз доштанд, ки: «Исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост».
Дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлати мо он қадар зиёд аст, ки дар чанд саҳифа баён кардани он ғайриимкон аст. Бинобар ин ба таври возеҳ чанде аз ин дастовардҳои динӣ-мазҳабиро мисол меорем:
- Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷистон;
- 5 июни соли 1997 мадрасаи шаҳри Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ таъсис дода шуд ва 3 марти соли 2009-ум муассисаи мазкур ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам гузошта шуд. Донишкадаи доро 2 факулта ва 9 кафедра мебошад;
- 8 июни соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид;
- Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 масҷиди ҷомеа фаъолият мекард, ҳамакнун дар 28 соли Истиқлолият 1 масҷиди маркази исломӣ, 48 масҷид ҷомеи марказӣ, 3507 масҷиди панҷвақтаро дар бар мегирад;
- Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон сокинони кишвар бе ягон мамоният яке аз 5 рукни ислом, яъне зиёрати «Хонаи Каъба», ки аз фарзҳои дини ислом мебошад ба ҷо меоранд. Дар тӯли 79-80 соли Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 30 нафар адои «Ҳаҷ» карда буданд. Дар 28 сол теъдоди ҳоҷиён ба 200 ҳазор расидааст;
- Баҳри баланд бардоштани маърифати динии мардуми кишвар, аз ҳисоби фонди эҳтиётии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Каломи шариф бо забони тоҷикӣ зиёда аз 200 ҳазор ба нашр расида, ройгон тақдим карда шуд. Инчунин китобҳои динӣ ва ахлоқии «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муснад»-и Имом Муслим, «Кимиёи саодат» ва «Эҳёи улуми дин»-и Имом Ғаззолӣ метавон ном бурд;
- Сарвари давлат дар минбари баланди СММ дифоъ аз дини мубини ислом карда, гурӯҳи террористон пайравони ислом нест, балки дини «Вассулҳу-хайр», яъне дини сулҳу ваҳдат аст, ки аз ҷониби давлатҳои исломӣ ба хушӣ истиқбол гардида, барои хидматҳои арзандааш дар боло зикр гашт, Пешвои миллатро дар рӯйхати «500 мусалмони бонуфузи олам» шомил гардиданд.
- Дар 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо тоҷикон тавонистем даст ба дасти ҳам дода, саҳми арзандаи хешро дар корҳои ободонию созандагӣ гузорем. Ба кор даромадани иншооти бузурги аср Неругоҳи барқии обии Роғун, нақбҳо, шоҳроҳ ва роҳу корхонаҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Итминони комил дорам, ки дар оянда низ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисси баланд ва ифтихори аз меҳанпарастию ватандӯстӣ сазовор истиқбол мегирем. Ба ояндаи неку дурахшони кишварамон боварӣ дорем ва аз як гиребон сар бароварда, барои ободонии ватани маҳбубамон –Тоҷикистони азиз синаро сипар месозем ва содиқона гом мениҳем.
Ба пеш Тоҷикистон!
Ба сӯи ояндаи дурахшон!
Дар зери парчами партавфишон!
Бо Пешвои тоҷикон-Эмомалӣ Раҳмон!
Ҳикматулло Сиҷоатов,
Сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Вахш