8/11/2019- 14:22
Воқеае, ки рӯзи 6 ноябр як гурӯҳи нохалафи террористӣ тавассути минтақаи Қалъи Зори Афғонистон санаи 3-юми ноябр вориди Қубодиён гардида, шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи №4 «Ишқобод» ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла намудаанд, мо аҳли ҷамоатчигиро бетараф гузошта наметавонад. Дар натиҷаи ин амали номатлуби террористӣ ду нафар ҳомиёни шуҷоъи ватан ҷони худро аз даст доданд, ки номи неку кирдори некашон то дер гоҳ аз қалбҳо зудуда намегардад. Хотираи неки маъмури милиса Баҳром Шоҳзода, нозири минтақавии деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ва марзбон Иззатуллоҳи Абубакр аз маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе, ки ба ҳалокат расиданд, дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд.
Инчунин 15 нафар аъзоёни гурӯҳи «ДОИШ» низ ба ҳалокат расониданд, ки аз миёни ҷасадҳо ҷасади зан низ пайдо шуд. Амали террористие, ки рух дод амали дасти золимону ифротгарони зархарид мебошад ва онҳо бо пули ҳароме, ки аз хоҷагони зархариди хеш гирифта, хоб аз чашмашон дур карда, шабу рӯз дар андешаи ноором кардани мардуми осоишта мебошанд. Нокасони нохалаф ҳамеша дар кашфи ҷиноятҳои нав ба нав ва амалашон фақат аз номи ислом мебошад, ки ба қатлу куштор аҳолии осоишта даст мезананд.
Он амалҳое, ки гурӯҳҳои ифротӣ дар ҷаҳони имрӯза аз номи ислом карда истодаанд, ба дини мубини ислом умуман рабт надорад. Онҳо бошанд, фақат аз номи дини мубини ислом мусалмононро саркӯб ва бадном мекунанд. Ҳол он ки бадном кардани худи ислом куфр ва бадтарин амал аст.
Ҳамаи ин сулҳу ваҳдат, тинҷиву оромии Ватани азизамон ин заҳмати шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳоло Тоҷикистон, давлати ҷавони 28 солаест, ки пойдевори навини давлатро гузошта сулҳу ваҳдатро дар диёри азизамон пойдор ва корҳои бунёдкорию созандагиро вусъати тоза бахшидааст. Як эътибор диҳед, ки дар сайёра давлатҳои дар давоми асрҳо вуҷуддошта ва миллатҳои таърихи 3 – 4 ҳазорсоладошта аз беандешагӣ нофаҳмӣ аз нотинҷии байни ҳамдигар ҳамчун давлат ё миллат нест шуда рафта истодаанд. Инсоният дар куҷое набошад бояд Ватан-Модари азизашро дӯст бидорад. Дар ҷаҳон миллатҳое ҳастанд, ки зиёда аз 40 млн. аҳолӣ доранд, лекин то ҳол Ватан надоранд. Дар ин маврид Пайғамбар фармудаанд: «Ҳуббул Ватан миннал имонӣ» яъне, дӯст доштани Ватан нисфи имон аст.
Дар ҷойи дигар ватандӯсти асиле менависад:
… Ватан хору хасат ороми ҷон аст,
Миёни регу санги ту макон аст.
Нагаштам бар дари бегонае ман,
Бароям бас, зи аҷдодам нишон аст.
Ба андешаи ман ҳар як фарди худогоҳи Тоҷикистони азиз даст рӯи қалб гузошта, сидқан фикр ва таҳлил кунад, аз ҷумла ҳамон душманони миллат ҳам бояд қоил шаванд, ки ба чунин хушбахтиҳо ва тинҷиву оромиҳои Ватани азизамон чандин нооромию нотинҷиҳо ва хунрезиҳоро бо дасти хоҷагони хориҷӣ ба амал омада, мо бояд фирефтаи дурӯғи маҳзи хориҷиён нагардем. Дар ин маврид Худо (ҷ.ҷ) дар Қуръони маҷид дар сураи Ёсин ояти 62 фармудааст: «Афало такуну таъқилун», яъне ақлатонро кор нафармоеду фикр накунед ба гумроҳӣ меравед.
Ҳазрати Анас (р) аз Расули Худо (с) ривоят карданд, ки он Ҳазрат фармуд: «Фитна хоб аст, лаънати Худо бар касе, ки онро бедор кунад».
Аз ин рӯ, душманони миллат ақлро кор нафармудаанд ва фикр накарданду гумроҳ шуданд. Доимо аз ватани ободу тинҷ ва аз сиёсати сулҳҷуёнаи пешгирифтаи Ҳукумату Роҳбари давлатамон шукргузорӣ кардан лозим, чунки Худованди ломакон дар Қуръони маҷид дар сураи Иброҳим ояти 7 фармудааст: «Ва из тааззана Раббукум лаин шакартум лаазиданнакум». Яъне, Худо даъват мекунад, ки агар аз неъматҳои мавҷуда ҳар замон шукргузорӣ кунед, неъмататонро меафзоям.
Зеро танҳо меҳру муҳаббат ба Ватан хоҳ дар ғарибию дар мусофирӣ бошӣ ҳам, асоси ҳамаи қаҳрамониву фидокориҳо шуда метавонад.
Ҳикматулло Сиҷоатов,
сархатиби масҷиди ҷомеи
ба номи «Одам»- (а)- и
ноҳияи Вахш