БЕҲТАРИН АХЛОҚИ ҲАМИДА БАХШИДАНИ ГУНОҲОСТ

04/11/2019 – 19: 57

Худованди бузург ҷалла-ҷалолаҳу дар китоби покаш дар сураи «аъроф» ояти 199, мефармояд:

Нидо ба сӯи паёмбараш: Эй Муҳаммад (с) дар зиндагӣ роҳи «авфу бахшиш»-ро пеша кун, бандагонро ба авфу бахшиш амр кун ва ба гурӯҳи ҷоҳилон эътироз (муқобала ) макун.

Боз  Аллоҳ ҷалла-ҷалоҳу дар сураи Нур ояти 22 мефармояд: -Оё бандагони ман  мехоҳанд, ки нисбаташон гузашт  карда шавад?

-Албатта мехоҳад!

«Пас бояд, ки нисбати ҳамдигар гузашт кунанд» Ва Худои Шумо бисёр бахшанда ва меҳрубон аст.

Дар китоби «саҳеҳи муслим» ба  равояти Абуҳурайро омадааст:

Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: Бандагони Худованд ба яқин  бидонанд, ки мол ба садақа додан кам намешавад. Дувум ҳар қудратманде гузашт ( авфу бахшиш) кунад, иззаташ кам намешавад, балки баланд мартаба мегардад.

Боз дар китоби «Саҳеҳи Бухорӣ» ба ривояти Абдулло ибни Зубайр  омадааст: Дар байни бандагони Худованд «ахлоқи ҳамида», «рафтору гуфтор» бисёр мебошад. Лекин беҳтарини ахлоқи ҳамида, ин авфу бахшиш мебошад. Мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1990-1992-ро фаромӯш накардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми қишри ҷомеа дар як замин, дар як  «дастархон» муддати 70-80-соли Шуравӣ зиндагии аҳлона-бародарона дошт.

Ёдовар мешавем, дар ҳамон солҳо халқиятҳои рус, немис, ӯзбек, тоҷик дӯсту бародар буданд. Заррае байнашон фитна набуд. Мутаасифона, ҳастанд нафароне, ки даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ мезананд. Боз гурӯҳҳое низ ҳастанд, ки дар байни мардум кина,  адоват,  бадбинии ҳамдигар, на ин ки байни мардум, балки дар байни ҷавонону наврасони кӯтоҳандеш роҳандозӣ намуда, ба гурӯҳҳои ғайр шомил месозанд.

Ниятҳои нопоки ин сиёҳдилон буд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги  шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст, зиёда аз 150 ҳазор фарзандони бегуноҳи ин мардуми шариф қурбон гаштаанд. Зиёда аз 1 млн нафар мардум роҳи гурезро пеш гирифтанд.  Чандин нафар мардуми фирорӣ дар давлати   ҳамсояи Афғонистон ба хок супорида шудааст, ки ин барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ доғ ва нанг аст. Ёди қурбониёни бегуноҳ ҳеҷ гоҳ аз ёд  нахоҳад рафт.

Бо вуҷуди ин қадар хиёнатҳои вазнин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 20 ҳазор зиндониёнро авфу бахшиш кард, ки авфу бахшиши  пайке аз рисолати азалӣ ва хиради бузурги Пешвои  миллат башорат медиҳад.

Боварӣ дорем, ки он маҳбусоне, ки аз зиндонҳо то ин муддат озод шуданд, минбаъд аз амалҳои ношоиста даст кашида, дар назди падару модар, зану фарзанд, хешу ақрабо ба ҳаёти осоишта баргашта, ба шуғле фаро гирифта мешаванд. Дар корҳои ободонии созандагии маҳалли зисти хеш саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Чуноне  Саъдии бузургвор мефармоянд:

Пой дар  занҷир, назди дӯстон,

Беҳ, ки бо бегонагон дар бӯстон.

Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масҷиди

марказии ноҳияи Вахш,

ба номи «Одам», (а)

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *