Панҷшанбе, 24.10.2019, 18:14
Ноҳияи Вахш яке аз ноҳияҳои калон ва обод дар миқёси вилояти Хатлон буда, барои боз ҳам зебо гардидани ин диёр корҳои бунёдкорӣ ҷараён дорад.
Чунин иқдомҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти ватани азизамон рӯи кор омадаанд. Барои обод ва хурраму зебо гардидани ин гӯшаи диёр аҳли зиёии ноҳияи Вахш ҳамеша омода ҳастанд.
Аҳли маориф барои ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори Ватани хеш ҳиссагузоранд. Баҳри обод кардани диёри худ камари ҳиммат бастан нишонаи ватандӯстист.
Барои сарсабзу хуррам гардонидани саҳни коргоҳ гулу буттаҳои ороишӣ шинонданд. Бехи ниҳолу буттаҳои сабзидаро нарм карда, дар ин кори нек ҳисса мегузоранд.
Имрӯз низ аҳли маорифи ноҳияи Вахш барои сохтмони бинои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ба 10 ҳазор дона хишти пухта оварда, дар рафти корҳои сохтмонӣ саҳми арзанда мегузоранд.