ҲАМА БА ПАХТАЧИНӢ

Рӯзи 20 октбр, таҳти роҳбари иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, зиёиён, ҷавонону занон, кормандони соҳаи иқтисодиёт, сохтмон, коммуналӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг дар ҳашари умумии ҷамъоварии “Тиллои сафед” иштирок доштанд, ки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ дар ин амали нек фаъолона ширкат варзиданд.

“60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор”, ки бо иқдоми  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода эълон гардидааст, ҳадаф ин аст, дастранҷи марди деҳқонро беталаф ва саривақт ғундошта, ба хирмани давлат резанд.  Дар ин кори хайр роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, зиёиён, ҷавонону занон, кормандони соҳаи иқтисодиёт, сохтмон, коммуналӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг камари ҳиммат баста, дар вусъати корҳои ободонию созандии ватани биҳиштосо Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *