ОБ – МУЪҶИЗАИ ҲАЁТ

Об асоси зиндагии инсон буда, ба кас ҷони тоза, зебоиву ҳаловат мебахшад. Об ифсолиро аз тани мо пок сохта, беморию дарду ранҷро дур мекунад. Хонадонамонро тозаю озода ва ҳаётамонро рангин мегардонад.

Боиси ифтихор ва сарфарозии мост, ки ташаббус ва пешниҳод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қабул гардида, обрӯю нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ баланд шуд.

Имрӯзҳо норасоии оби тоза яке аз масъалаҳое, ҳаст, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Миллионҳо сокинони сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашиданд. Кишвари биҳиштосои мо тоҷикон обҳои шифобахш ва зулолу ошомиданӣ хело зиёданд. Ин албатта, боиси ифтихори мо тоҷикистониён аст. Вале баъзе  нафарон ба обҳои каналу ҷӯйборҳо партовҳо мепартоянд, ки боиси пайдоиши бемориҳои сироятӣ мегардад. Аксаран кӯдакон ба ин бемориҳо гирифтор мешаванд ва аз ҷониби дигар ифлос кардани об гуноҳест азим.

Мо мисли дигар мардуми манотиқи олам аз оби ошомиданӣ танқисӣ надорем ва бояд ба қадри ин неъматњо бузурге, ки Худованд бароямон арзонӣ доштааст, бирасем. Онро поку тоза нигоҳ дорем. Шукргузорӣ намуда, обро самаранок истифода барем.

ШАБАФРӮЗ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *