
Март 7, 2025 15:45
ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 180 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 53 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар баён намуданд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки имрӯз соҳае нест, ки занону духтарон дар он фаъолият надошта бошанд. Онҳо вазнинтарин корҳоро бао дӯш мегиранд. Ҳатто дар бунёди иншооти тақдирсози аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳоло беш аз ҳазор нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд.
Президенти мамлакат дар ҷараёни суханронӣ дар робита ба ҷойгоҳи занон аз суханҳои яке аз сиёсатмадорони таъсиргузори дунё Маҳатма Ганди чунин ёдовар шуданд: «Ҷойгоҳи зан танҳо дар хона нест. Вай метавонад ҷаҳонро тағйир диҳад».
Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат ва хосса, Пешвои миллат аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз занону модаронро неруи бузурги амалисозандаи ҳадафу нақшаҳо дар ҷодаи пешрафту ободии Ватан меҳисобанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»