ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «18 НАФАР ЗАНОН ҲАМЧУН ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ВА 747 НАФАР БА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛӢ ИНТИХОБ ШУДАНД»

Март 7, 2025 14:15

ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 нафар занон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта зиёд ва боиси ифтихор мебошад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни маҷлиси тантанавӣ, ки ба муносибати Рӯзи Модар дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз намуданд.

Пешвои миллат афзуданд, ки «чанд рӯз пеш дар мамлакат интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, яъне мақоми олии қонунгузори ҷумҳурӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар фазои орому осуда баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ занону модарон ва духтарон фаъолона иштирок карданд, ки ба ҳамаи онҳо сипосу миннатдорӣ баён менамоям».

Таъкид  шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти саҳми муассири занон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату ҷомеа масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.

«Мо ба масъалаи мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон таваҷҷуҳи хосса медиҳем ва ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдоми неку наҷибашон шароиту имконияти мусоид муҳайё менамоем. Аз ҷумла, тибқи вазифаҳои дар паёмҳои Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар чор соли охир чор санади муҳим қабул карда шуд, ки ҳоло амалӣ мегарданд. Ҳадафи асосии ин санадҳо фароҳам овардани шароиту имконияти зарурӣ барои истифодаи пурраи қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, мусоидат ба пойдории оила ва ба ин васила таъмин намудани рушди устувори ҷомеа мебошад»,- изҳор намуданд Пешвои миллат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *