
Панҷшанбе, 06/03/2025-12:13
Соли сипаригашта дастаҳои футболи “Вахши Зарнисор” ва дастаи “Наврасон” – и ноҳия дар бозиҳои футбол дар сатҳи вилоят иштироки фаъолона намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Хатлон аз рӯи натиҷаи футболи кӯдакону наврасон, футболи занона, ҷавонон, Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм, ҷамъ аз рӯи 20 номинатсия дар соли 2024 дар баробари беҳтарин футболбозон номи 3 нафар варзишгарони мо сабт гардид.
- Беҳтарин мураббии Лигаи дуюм дар соли 2024 Нодир Раҳимов дастаи “Вахши Зарнисор”;
- Беҳтарин довари вилояти Хатлон дар соли 2024 Наврӯз Воҳидов ;
- Беҳтарин нишонзани Лигаи дуюм дар соли 2024 Меҳроб Миров аз дастаи “Вахши Зарнисор” дониста шуданд.
Б. ОДИНАЕВ