СОДИҚОНА БОЯД ЗАҲМАТ КАШЕМ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2019-ум бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ф. Ҳурматзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия  Қурбоналӣ Юсупов, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассиса, имомхатибон ва намояндагони воситаи ахбори омма баргузор гардид. 

Муовинони раиси ноҳия С. Абдуллозода, А. Файзуллозода ва Ф. Зоҳидзода оид ба дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нуҳмоҳаи соли равон маълумоти мухтасар доданд. Қайд гардид, ки аҳли заҳмати ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои фархундаи миллат – 30  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ содиқонаю софдилона меҳнат намуда, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи худ тамоми неру ва имкониятҳои мавҷударо ба кор андохтаанд. Зеро аҳли заҳмати ноҳия хуб медонанд, ки ҳалли аксари масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум маҳз ба меҳнати пурсамар ва натиҷаҳои ба дастомада вобаста мебошад.

Ҳамчунин оид ба натиҷаи фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила ва дигар самтҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳмоҳи соли 2019-ум ибрози назар намуда, таъкид кард, ки ҳадаф аз корҳои анҷомдода, таъмини рушду пешрафт мебошад.

Ф. Ҳурматзода, намояндаи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон ба сухан баромада, аз бурду бохти хоҷагии халқ қайд карданд.

Ҳамчунин Қурбоналӣ Юсупов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо мақомоти иҷроия густариш дода, ба корҳои ободонию созандагӣ, вазъи соҳаҳои саноату сохтмон, иҷрои нақшаи андоз, пардохти маблағи неруи барқи истифодашуда, таъмини иҷрои қонуни забони давлатӣ дар коргузорӣ, фаъолияти ёрии таъҷилии тиббӣ, назорати қатъии пардохти андоз аз ҷониби ронандагони нақлиёти хизматрасонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, таъминоти об, таваҷчуҳи ҷиддӣ додан ва бо меҳнати софдилонаю содиқона барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақсад аз он таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ободонию шукуфоии кишвари азизамон мебошад, равона намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *