
Душанбе, 11/02/2025-11:25
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ бори дигар собит намуд, ки соҳаи илму маориф дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад ва ҳамеша ҷиҳати рушди ин соҳа тамоми тадбирҳо андешида мешавад.
Сарвари давлат дар самти беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, соҳибмаърифатгардонии саросарии аҳолӣ, рушди илму инноватсия, иқтисоди рақамӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас ироа карда, солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд.
Ин иқдом бозгӯи таваҷҷуҳи махсуси давлат ба масъалаи рушди технологияи иттилоотӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи имкониятҳои инноватсионӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷавон дар самти гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Таҳлили Паёми имсола ҳамчун дастури созанда нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамзамон баҳри рушди соҳаи маориф таъкид доштанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Аз ин лиҳоз, мо-омӯзгоронро мебояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбазхудкунии насли наврас аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, баҳри босавод ва китобхон гардидани хонандагону толибилмон аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.
Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои маорифпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки
“То вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҷиноятҳою корҳои пешгӯинашаванда хоҳанд буд”.
Бояд мо- омӯзгорон дарк намоем, ки пешравии ояндаи миллат маҳз дар дасти насли наврасу ҷавон вобастагӣ дорад.
Пас таваҷҷуҳ бояд кард, ғамхорӣ намуд, дониш дод, касб омӯзонд, роҳнамоӣ намуд то насли наврас босавод гардад ва ба халқу миллати худ содиқонаву софдилона хидмат намояд.
Миҷгона Пардаева,
нозири кадрҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш