
Душанбе, 11/02/2025-11:22
Маориф яке аз соҳаҳои калидии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери сиёсати маорифпарваронаи хеш дар рушду пешрафти соҳаи маорифи кишвар саҳми арзандае гузоштаанд. Дар ин замина Шуъбаи маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш истисно нест. Дар сӣ соли соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия якчанд муассисаҳои нави таълимӣ, биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ сохта шуда, аксари муассисаҳои таълимии ноҳия бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд. Дар ин баробар дар солҳои аввали соҳибистиқлоли ташкили квотаи Президентӣ, стипендияи Президентӣ, ташкили Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат дар ин самти ҳаётан муҳими ҷомеа мебошад. Ҳамзамон тайи чанд соли охир дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардида истодааст, ки боз як дастгирии Пешвои маҳбуби миллат ба дӯстдорони илму дониш мебошад.
Бо эълон гардидани соли 2025- “Соли фарҳанги китобхонӣ”, маорифчиёни ноҳияи Вахш ин иқдомро шоиста номида иброз медоранд, ки на дар расму сухан балки бо амал ва дилу нияти пок зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар рушди пешрафти соҳаи маориф ва омода кардани шогирдони мусаллаҳ бо донишҳои зарури саҳми хешро мегузорем.
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Китоб манбаи дониш, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест.
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест,
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад poҳaтe ҳасту ҳаргиз озоре нест….
Кенҷазода Гулбаҳор Кенҷа,
муовини раиси ноҳияи Вахш