
Якшанбе, 09/02/2025-20:05
Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш дар мусобиқаи футбол бо усули “Ноҳия ба ноҳия” иштирок намуда, бо футболбозон суҳбати самимӣ намуданд.
Зимни суҳбат раиси вилоят зикр намуданд, ки варзиш ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва дӯстӣ миёни наврасону ҷавонон замина гузошта, онҳоро аз хатарҳои терроризму экстремизм эмин нигоҳ медорад.
Раиси вилоят зимни суҳбат таъкид намуданд, ки шумораи ҳарчи бештари ҷавонон ба футбол ҷалб карда шавад, зеро чемпионҳои ояндаи вилояту мамлакат маҳз дар маҳалҳо рушд меёбанд.
Соли 2024 барои рушди соҳаи варзиши вилоят 170 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ гардида, аз ин 47 миллион сомонӣ ба рушди футбол равона карда шудааст, ки 28 фоизи маблағгузории соҳаи варзиши вилоятро ташкил медиҳад.
Давоми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба соҳаи футбол 52 миллион сомонӣ (таъмир ва нигоҳдории дастаҳо) масраф гардида, дар муқоиса ба соли 2023 – 37 миллион сомонӣ ё 3,7 баробар зиёд мебошад.
Бояд зикр кард, ки бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди минбаъдаи варзиш ва оммавигардонии он миёни наврасону ҷавонон дар доираи таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ бо усулҳои “Деҳа ба деҳа”, “Маҳалла ба маҳалла” ва ташкилоту муассисаҳо дар сатҳи дастаҳои вилоятӣ соли сипаригардида 1778 адад мусобиқа бо фарогирии 257810 нафар гузаронида шудааст ва ин иқдом соли ҷорӣ низ идома хоҳад ёфт.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон