
Душанбе, 09/02/20225-17:25
ҚАРОРИ
КОМИССИЯИ ҲАВЗАИ ЯКМАНДАТИИ ИНТИХОБОТИИ ВАХШ №32 ОИД БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Аз «____» _____________ соли 2025, №_____ ш.Вахш
Дар бораи ба қайд гирифтани номзадҳо ба вакилии намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Вахш №32 пешбаришуда ва бо шаҳодатномаи номзадӣ таъмин намудани номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо.
Комиссияи Ҳавзаи якмандатии интихоботии Вахш №32 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи моддаҳои 14, 31, 32, 35 ва 38 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси талаботи бандҳои 39, 40, 41, 46, 47, 51 ва 52 Дастурамали Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2024, №3 тасдиқ шуда,
Қ А Р О Р М Е К У Н А Д :
1.Номзадии шахсони зерин аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Вахш №32 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайд гирифта шаванд;
-Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар, соли таваллудаш 3 феврали 1980, зодаи ноҳияи Кӯшониён, миллат тоҷик, таҳсилот Олӣ, соли 2003 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва айни ҳол унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддин барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ, ки дар асоси қарори конференсияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш аз 06 январи соли 2025, пешбари шуда:
-Дадабаев Илҳомҷон Хусенович, соли таваллуд 17 октябри 1993, зодаи ноҳияи Вахш, миллат тоҷик, таҳсилот Олӣ, соли 2016 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ихтисоси омӯзгори фаннитаърих ва ҳуқуқ, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, бо тариқи худпешбарӣ:
-Зарипов Алиҷон Хуршедович, соли таваллуд 9 июни 1995, зодаи ноҳияи Вахш, миллат тоҷик, таҳсилот Олӣ, соли 2019 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино, бо ихтисоси табиби асаб, муовини роҳбари ШМ КАТС-и ноҳияи Вахш, бо тариқи худпешбарӣ пешниҳод шудааст, бинобар сабаби ба талаботҳои моддаи 28-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат накардан рад карда шавад.
2.Котиби Комиссияи якмандатии интихоботии Вахш №32 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулоева Ш., вазифадор карда шавад, ки дар асоси қарори мазкур.
– номзадҳои дар асоси қарори мазкур ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда ва шахсони боэътимоди онҳоро, тибқи талаботи моддаҳои 35 ва 38 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муҳлати се руз (аз рӯзи ба қайд гирифта шуданашон) бо Шаҳодатномаи дахлдор, таъмин намояд ( руйхат замима мегардад).
– дар давоми се рузи баъди бақайдгирии номзадҳои барои маълумоти интихобкунандагон дар матбуотҳои маҳаллии ноҳияи Вахш, ноҳияи Кӯшониён ва ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар бораи ба қайд гирифта шудани онҳо, ахбор чоп намоянд.
– нусха аз қарори мазкур барои маълумот, расман ба унвони ҳизбҳои сиёсии номзадҳои худро барои бақайдгирӣ пешниҳод намуда, номзадҳои ба қайд гирифташуда, расонида шавад;
– маълумот дар бораи номзадҳои бақайд гирифта шуда аз рӯзи бақайдгирӣ ба унвони Комиссияи Марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод карда шавад.
4.Назорати рафти иҷрои қарори мазкур ба зиммаи котиби Комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Вахш №32 гузошта шавад.
Д.Искандарзода,
Раиси комиссияи
Ҳавзаи якмандатии
интихоботии Вахш №32