Панҷшанбе, 02/01/2025-11:16
Ғамхорӣ нисбати ятимон мароми давлат ва ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, қадрдонӣ ва дилҷӯи нисбати ин қишри ҷомеа ҳамеша зери назари Сарвари давлат қарор дорад.
Дар арафаи ҷашни соли нави милодӣ бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба 320 нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернати ноҳияи Вахш тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардида, дастархони идона ороста шуд.
Кормандони Бахши фарҳанги ноҳияи Вахш бо суруду таронаҳои ватандӯстӣ хотири тарбиятгирандагони мактаб – интернат барномаи фарҳангӣ шод намуданд.